БОНУЕ АЗ ТАБОРИ ХУРШЕД

Мо ифтихор дорем, ки қисми зиёди бонувони кишварамон бо рафтору гуфтори оқилонаву омӯзанда, хулқу атвори писандида ва ширкати фаъолонаву пайваста дар таълиму тарбия маҳбуби ҳамагон гаштаанд. Яке аз чунин афроди соҳибхирад, ки қалби саршори муҳаббат ба дӯстон, ҳамкасбон шогирдон дорад ва дорои эҳсоси баланди инсонгароист, Гуландом Абилзода номзади илми фалсафа, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гуландом бонуест аз табори хуршед. Ҳар ҷое, ки ӯ ҳузур дорад, он ҷо нуристону гарму руҳафзост. Ба дилҳо тавону рӯшноӣ, умед ба фардо мебахшад.
Инсонест заминию дардошно, заҳматқарину поквиҷдон, босалоҳияту бомасъулият. Тафаккурро аз ҳама завлонаҳо озод мехоҳад, ба маърифат арҷ мегузорад. Роҳбарест хеле маҳбуб ва соҳибэҳтиром, бо кулли кормандонаш муносибати ҳасана ба роҳ мондаву фазои солими кориро барояшон эҷод намудааст.
Дар рушду нумуи маънавии Гуландом Абилзода тарбияи хонаводагияш нақши бориз дорад. Инчунин, ӯ шогирди ба ноз парвардаи мактаби олими шинохташуда, файласуфи барҷаста Мунзифа Ғаффорова мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳамеша назари худро дар заминаи исботу далел пешниҳод мекунад, ки ин шаҳодати нақши устодаш дар таълиму тарбияи ӯст. Шогирде мисли ӯ кам аст бо чунин вафодорию сидқ. Рӯзе нест, ки ҳадиси устодашро накунад. Вафодорию эҳтиромаш ба устод аст, ки рӯзгори пурфайзу бобаракате насибаш гаштааст.
Дар ниҳоди ӯ баҳри кибру ғурур, чоплусию тамаллуқ, бухлу кина ва дигар хислатҳои ношоиста ҷое нест. Ин худ воситаест барои ҳидояти инсонҳо ба роҳи саодату садоқат. Шоир барҳақ фармудааст:
Дона то дар хок нафтад, кай ба боло сар кашад,
Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.
Оре, бар баландиҳо расидани Гуландом аз хоксориҳои ӯст.
Дар замири ӯ ишқи Ватан шуълавар асту самимонаву содиқона ин сарзамини биҳиштосоро дӯст медорад. Мекӯшад дар дили шогирдон низ ҳисси муҳаббат ба Ватанро бедор созад ва онҳоро ба худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз Ватан доштан ҳидоят намояд. Нақши ӯ дар омода намудани мутахассисону хизматчиёни давлатӣ назаррас мебошад.
Гуландом Абилзода соли 2011 дар мавзуи “Асосҳои ахлоқию маънавии оила (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” рисола ҳимоя намуда, дараҷаи илмии номзади илми фалсафаро дарёфтааст. Ӯ муаллифи китоби дарсии “Асосҳои фалсафа” (дар ҳаммуаллифӣ), “Сотсиологияи идоракунӣ” (дар ҳаммуаллифӣ), 1 монография, ду дастури таълимӣ ва беш аз 50 мақолаи илмӣ-методӣ буда, пайваста ба омӯзишу пажуҳиш машғул аст. Дар семинару мизи мудаввар ва конференсияҳои илмию амалии сат-ҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалалӣ фаъолона бо маърӯзаву гузоришҳо ширкат меварзад.
Заҳматҳои Гуландом Абилзода бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали “Хизмати шоиста” ва чандин ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ гаштааст
Ба ифтихори Рӯзи Модар ба ин бонуи хушдилу хушгил зиндагии пур аз файзу баракат, пур аз шодию нишот, пур аз дӯстони самимию ҷониро таманно дорем. Ҳамеша ҳамин гуна гули сари сабад, шамъи маҳфилу ҷамъомадҳои дӯстону пайвандону шогирдон бошанд.

Б. Ғаниева,
устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон