ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занону бонувони ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бамаротиб боло рафт.
Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувон барои ободию шукуфоии кишвар бо кордонию маҳорати баланд ва маърифати сиёсӣ саҳми беандоза мегузоранд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо нисбат ба занону бонувон ва фаъолияти онҳо дар ҳамаи соҳаҳо ибрози назар намуда, ба ташаббус, масъулият, кордонӣ ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. Пешвои миллат, бавижа, дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми занону бонувонро пайваста таъкид месозанд.
Дар Паёми навбатӣ (23 декабри соли 2022), дар радифи ҳамаи самтҳо ба нақшу мақоми занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зикр карданд, ки «солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд».
Натиҷаи чунин тадбирҳост, ки занону бонувон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дар сафҳои Артиши миллӣ софдилона-ву содиқона хидмат менамоянд.
Мақоми занону бонувон дар идоракунии давлатӣ таҳким ёфта, «ҳоло аз шумораи умумии хидматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла, кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд».
Ба таъкиди Сарвари давлат, имрӯз иштироки занону бонувон дар соҳаи маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25 ва хидматрасонии иттилоотӣ 40 фоизро ташкил медиҳад. Омори мазкур нишон медиҳад, ки бидуни ширкати фаъолонаи занон рушди бемайлони ин самтҳоро таъмин кардан номумкин аст.
Чунонки маълум аст, нақши занону бонувону модарон дар тарбияи кӯдакон ва насли наврасу ҷавонон бениҳоят бузург мебошад. Барои он ки онҳо насли ояндаро ба таври самаранок тарбия карда тавонанд, қабл аз ҳама худ бояд босаводу бомаърифат бошанд. Ба ин хотир, Ҳукумати мамлакат дар фаро гирифтани занону бонувон ба таълим ва соҳибкасб намудани онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар иртибот ба ин дар Паёми навбатӣ тазаккур дода шуд, ки «дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд».
Пешвои миллат иброз намуданд, ки ҷалби занону бонувон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва давлату ҷомеа дар навбати худ ба неруву ташаббусҳои занон ҳамеша эътимод доранд.

Луъбат САИДОВА,
омӯзгори МТМУ №48-и
деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ