ОМӮЗГОР — РӮЗНОМАНИГОР

Аз соли 1970, аз замони таъсиси дубораи идораи нашрияи ноҳиявӣ — «Меҳнати коммунистӣ» то ин дам, ки алҳол «Набзи Файзобод» унвон гирифтааст, бо 42 нафар ходими эҷодӣ кор кардам.
Боре дар бораи ҳамкорамон Хурсанд Азимови рӯзноманигори хушқалам чанд сатре аз сифатҳои фарқкунандаи инсонгарию эҷодкорияш иншо карда будам. Хурсанд Азимов, ки ҳангоми таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ходими рӯзномаи серхонандатарини кишвар — «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») буд, пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти эҷодияшро дар рӯзномаи ноҳияи Файзобод давом дод. Аз ҳамин даргоҳ раиси Ҷамоати шаҳраки Файзобод интихоб шуд. Дар ҳукумати ноҳия ҳам вазифаҳои муҳимро ба уҳда дошт. Зиндагӣ вафо накард, ба ҳафтод нарасида аз олам гузашт. Руҳаш шод бошад!
Ҳоло мехоҳам аз ҳамқалами дигар, Тиллои Соҳибназар сифат кунам.
Дар саҳифаи аввали дафтари кории ӯ омӯзгорӣ сатб шудааст. Ҳамеша чун сухан аз обрӯю манзилати ин пеша равад, Тиллои Соҳибназар ифтихормандона ба забон меорад: “Мо корро аз омӯзгорӣ сар кардем”. Ӯ соли 1970 бо даъвати муҳаррири «Меҳнати коммунистӣ» Раҷабалӣ Аҳмадов аз хонаи эҷодиёти кӯдакон ва наврасони ноҳия вазифаи мухбир-суратгирро ба уҳда гирифт. Чандин сол мудири шуъбаи кишоварзии ҳамин нашрия низ буд. Аз ҳамин ҷо ба идораи почтаи ноҳия гузашта, ба ин соҳаи муҳим 14 сол роҳбарӣ кард. Дар давраи кори ӯ почтаи Файзобод миёни почтаҳои Тоҷикистон ҷойи намоёнро ишғол менамуд. Ҳамасола роҳбар ва кормандонаш мукофот мегирифтанд.
Тиллои Соҳибназар дар тамоми навоҳии кишвар аввалин мухбири суратгир буд, ки ба узвияти Иттифоқи журналистони ИҶШС пазируфта шуд. Ӯ иқрор мекунад, ки дар ҳамин ҷо, дар идораи нашрияи ноҳия соҳиби обрӯ гардид, дар ҳамин ҷо хати арабиасоси форсиро ёд гирифта, “Достони Амир Ҳамза”, қиссаҳои афсонавии «Далла ва Мухтор», “Дурр-ул-маҷолис» ва «Қасас-ул-анбиё»-ро ба кириллӣ гардонда, дар шакли китоби алоҳида ба табъ расонд. Қисме аз шӯхиҳои мардуми диёрро таҳти унвони “Хушгӯиҳои Файзобод” мураттаб кард. Дар бораи фарзандони зодгоҳаш бо унвони «Диёри орифон» китобе таълиф дод. Ӯ аълочии се соҳа: матбуот, фарҳанг ва маориф аст.
Бузургтарин мартаба ва дороии Тиллои Соҳибназар соҳибдавлатии ӯст. Тилло давлату савлаташро аз фарзандони солеҳу тарбиятдидааш медонад. Ва ӯ бо ин дороии хеш ифтихор дорад.
Ӯ бо шахси таҳсилкарда издивоҷ кард: ҳамсари имрӯз 67 — солаи ӯ Садафмоҳ маълумоти тиббӣ дорад. Ва умре, давоми зиндагии 47-сола бо Тиллои Соҳибназар ба мардум меҳру шафқати тиббӣ бахшид. Ӯро “Момодояи Ҷонварсӯз” мегӯянд. Садафмоҳ ҳафт фарзанд ба дунё овард. Аз хонаводаи таҳсилкарда як оилаи номии соҳибмаълумоту соҳибкасб ба вуҷуд омад. Аз Дилбар, фарзанди нахустин сар карда, то Ҳавасмоҳ ҳама ба роҳи дониш қадам зада, ба мақсадҳое расиданд, ки падару модар орзу менамуданд. Дилбар, нахустфарзанди оила, пайи касби модар рафта, коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдатро хатм намуд. Фирӯз аввал дипломи коллеҷи ҳарбӣ, баъдан дипломи Академияи милитсияи Тоҷикистонро гирифт. Зуҳро омӯзгориро интихоб намуда, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд ва онро бомуваффақият ба итмом расонд. Султон ба коллеҷи техникӣ даромада, соҳиби касби алоқачӣ гардид. Шуҳрат баъди панҷ соли таҳсил дар Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ муҳандиси нақлиёти автомобилӣ ва таъмири автомобил шуд. Ҳавасмоҳ, ки дар мактаби рақами 20 аълохон буду бо дониши хуби забони англисӣ аз дигарон фарқ мекард, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гардид ва онро бо дипломи аъло хатм намуд. Кароматулло бо ҳаваси зиёд ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода рафта, соҳибихтисос шуд. Воқеан, садри хонавода Тиллои Соҳибназар соли 1963 баъди хатми синфи ҳашт ба омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ рафта, соли 1967 онро бо ихтисоси корманди клуб, роҳбари дастаи навозандагони созҳои мусиқии халқӣ хатм намуд. Ҳини дар идораи нашрияи ноҳия кор кардан донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро ғоибона хатм кард.
Қисме аз писарҳо барои он худро ба донишкадаву донишгоҳҳо мезананд, ки ба хидмати аскарӣ нараванд. Даста-даста дипломдорҳоро медонем, ки маоши андакро писанд накарда, муҳоҷирати меҳнатиро авлотар мешуморанд. Фарзандони Тиллои Соҳибназар аз ин тоифа нестанд, ҳар куҷое кор карданд, ба кам қаноат намуданд ва аз рӯи «шукрона» ва «нимта нон-роҳати ҷон» соҳиби иззату обрӯю вазифа шуданд. Ногуфта намонад, ки чор фарзанди Тилло соҳибмансабанд. Ифтихори падар ин аст, ки яке аз фарзандонаш — Ҳавасмоҳ ба роҳи илм рафта, соли 2018 дар мавзӯи «Хусусиятҳои грамматикӣ ва функсионалии хабар дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» рисолаи илмӣ навишта, ба унвони номзади илмҳои филологӣ соҳиб шуд. Ӯ дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи С.Улуғзода буда, вобаста ба самти интихобнамудааш дар андешаи рисолаи докторӣ заҳмат мекашад.
Тиллои Соҳибназар бо чанд сифати тиллоии хеш-нуктадонӣ, бекинагӣ, дасткушодӣ, меҳмоннавозӣ, заҳматкашӣ аз дигарон фарқ мекунад. Ва ин дуюмин давлату дороии ӯст. Ӯ бо ҳамин дороиҳои худ синни ҳафтодро убур карда, аз омӯзгорию рӯзноманигорӣ дур нест.

Ҷӯрабек Муъмин,
Корманди шоистаи Тоҷикистон