РУШДИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022 яке аз масъалаҳое, ки дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошт, соҳаи маориф буд. Вобаста ба зарурати рушди маориф ва нақши он дар рушду бақои давлатдории миллӣ дар Паём чунин таъкид гардид: “…бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.”
Дар воқеъ, маориф дар пешрафти дилхоҳ давлату миллат таъсири мусбат дорад. Маҳз инсониятро маориф соҳиби хираду дониш намуда, онро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Дар тӯли таърих миллату давлатҳои дорои маорифи рушдкарда тамаддунҳои бузургро офарида, аз худ намунаи беҳтарини фарҳангу маънавиётро боқӣ мегузоранд. Дар баробари ин, маориф, ки омили асосии соҳибтафаккур гардидани инсон аст, барои дарк ва шинохти манфиатҳои миллӣ имкон фароҳам меорад. Ба василаи маориф насли наврас ва ҷавонон арзишҳои миллию давлатии худро дарк намуда, ватандӯсту ватанпараст мегарданд. Яъне, рушди ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа ва бақои давлату миллат ба маориф вобаста мебошад.
Маҳз бо дарназардошти он ки маориф ва илм дар пешрафти давлат нақши асосӣ дорад, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушд додани маориф силсилаи иқдомҳои бузург амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар сиёсатгузориҳои Ҳукумати кишвар соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ шуда, сармояи бузурги давлатӣ ба ин соҳа равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар муддати 31 соли соҳибистиқлолии кишвар 3430 муассисаи нави таълимии соҳаи маориф бунёд гардида, ба истифода дода шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва судманд амалӣ карда мешаванд. Дар алоқамандӣ ба ин, дар Паём таъкид гардид, ки “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.”
Ҳамасола мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии иҷтимоии омӯзгорон музди кори онҳоро боло бурда, дигар имконотро барои кормандони соҳаи маориф ва илм роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки “аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.”
Албатта, мақсад аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Роҳбари кишвар ба соҳаи маориф, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Ҳамон тавре ки дар Паём зикр гардид, пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан ба сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии зиёд дорад. Дар олами муосир татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ва сазовор гардидан ба зиндагии шоиста ба рушди бомароми соҳаи маориф тавъам мебошад.
Ҳамин тавр, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Силсилаи иқдом ва тадбирҳо ба рушди соҳаи маориф мусоидат намуда, ҳар як корманд ва масъули соҳаи маорифро водор месозад, ки дар иҷрои рисолат ва вазифаи худ беш аз пеш талош намояд. Имрӯз дар партави ҳидояту дастурҳои Сарвари мамлакат амал намудан вазифаи аслӣ ва рисолати касбии мо, омӯзгорон аст. Моро мебояд, ки бо амал ва хидмати содиқонаи худ дар рушди давлати хеш саҳм гузошта, барои ободии ояндаи кишвар ҳиссагузор бошем.

Мӯсо АЛИЗОДА,
сармутахассиси Сарраёсати
маорифи шаҳри Душанбе