Шӯрои миллии таҳсилот: БОЗНИГАРИИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

6-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода дар мавзуи «Бознигарии китобҳои дарсӣ дар заминаи мақолаи профессор С. Ятимов – «Тавоно бувад ҳар кӣдоно бувад», президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М. Саломиён «Оид ба таъсиси Шӯрои таҳия ва экспертизаи адабиёти таълимӣ дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон», котиби масъули Шӯрои миллии таҳсилоти Ф. Раҳмонзода дар мавриди адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда суханронӣ намуданд.
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода зимни суханронии худ аз таъкиду роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири ғояҳои давлатдории миллӣ будан ва дар заминаи арзишҳои ҳувиятсози халқи тоҷик таълиф шудани адабиёти таълимиро борҳо зикр кардаанд, ёдовар шуд. Сипас зимни тањлили маќолаи таҳқиқиву таҳлилии доктори илмњои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов – «Тавоно бувад ҳар кӣдоно бувад» («Ҷумҳурият», 19.01.2023), аз таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ, рушди мактаби миллии таълифи адабиёти таълимӣ ҳамчун як саҳифаи дурахшон дар таърихи маорифи дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки бо дарназардошти авзои сиёсиии дохиливу хориҷӣ, ки зарурати тақвияти андешаи миллиро тақозо мекунад, дидгоҳи худро ба масъалаи таълифи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд тағйир диҳем. Дар ҳама гуна адабиёти таълимӣ пас аз дастгоҳи илмию таълимӣ арзиши тарбиявии онҳост ва дар ин ҷо масъалаи ҳувийят ва хештаншиносии миллӣ ва ватанхоҳию ватандӯстӣ дар навбати аввал меистад. Аз ин рӯ, дар мақолаи профессор С. Ятимов дар баробари муҳимтарин масоили давлатдорӣ, мавзуи таълиму маориф, аз ҷумла вазъи кунунии китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносӣ бо таҳлилҳои амиқ ва баҳогузории мунсифона арзёбӣ шудааст, – гуфт Н. Зайниддинзода.
Дар идома президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М. Саломиён доир ба таъсиси Шӯрои таҳия ва экспертизаи адабиёти таълимӣ дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки иқдоми мазкур дар ҳошияи андешаҳои профессор С. Ятимов, ки аз мақолаи таҳлилии «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад» бармеояд, бо мақсади бознигарии мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ роҳандозӣ гаридааст.
Сипас роҷеъ ба масъалаи мавриди назар мубодилаи афкор сурат гирифта, аъзои Шӯрои миллии таҳсилот фикру назари худро баён доштанд. Аз он ҷумла муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки камбудиҳоеро, ки роҷеъ ба муҳтавои китобҳои дарсӣ дар мақолаи мавриди назар зикр гардидааст, бояд эътироф кунем ва дар оянда китобҳои дарсиеро таълиф намоем, ки мафкураи миллиро дар ниҳоди наслҳои оянда ба вуҷуд оварда тавонанд.
Инчунин пешниҳод гардид, ки минбаъд тамоми мақолаҳое, ки вобаста ба вазъи адабиёти таълимӣ дар саҳифаҳои матбуот ба табъ мерасад, дар ҷаласаҳои Шӯрои миллии таҳсилот мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар баробари беҳтарсозии мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, доир ба таҳрир, тасҳеҳ, тарроҳӣ ва ороиши графикии китобҳои дарсӣ низ аз ҷониби ҳозирин пешниҳодҳои судман ироа гардид.
Дар идомаи ҷаласа ҳамчунин 34 номгӯйи китоби дарсӣ ва дастурҳои методӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 5 номгӯйи китоби дарсӣ барои такмил ва бознигарӣ ба мураттибон бозпас гардонида шуд.
Аз љониби муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ба роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки адабиёти таълимии барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳодшавандаро аз нигоҳи методӣ, мазмуну муҳтаво, хусусиятҳои дидактикӣ, мутобиқ будан ба стандартҳои таълим ҷиддан мавриди арзёбӣ қарор диҳанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шӯрои миллии таҳсилот барои ду соли фаъолият (солҳои 2023 – 2025) тасдиқ ва аъзои нави он муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон 38 номгўйи китоби дарсӣ, ки илова ба «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2023» чопи онҳо аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дастур дода шуд, ки бо ҳамкории муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм ва гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шӯрои миллии таҳсилот китобҳои дарсиро барои пешниҳод ба чоп омода созад.
Дар охир аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати бо дарназардошти талаботи имрӯза ва дигаргуниҳои соҳаҳои маориф ва илм бознигарӣ намудани механизми таҳия ва таълифи барномаҳои таълим, ҷидан арзёбӣ намудани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иҷрои саривақтии қарорҳои қабулшуда ба мураттибону муаллифон ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас шуд.
Фаридун РАҲМОНЗОДА,
котиби масъули Шӯрои миллии таҳсилот