БОНУЕ, КИ ПАЙВАСТА КИТОБ МЕХОНАД

Чандин сол боз ин бонуи чашмикордонро мешиносам. Ҳангоме ки сухан мегӯяд, шунаванда гумон мекунад, ки дар боғи пур аз гулу райҳон бошаду ҳазорово нағмасароӣ мекунад ва нағмаи обшор форам ба гӯшаш мерасад.
Ин бону омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ № 25-и шаҳраки Суғдиён Моҳира Мустафоқулова мебошад.
Моҳира дар оилаи ронандаи сухандон Ҳамзақул Мустафоқулов, ки то марг бо ҳазлҳои намакин ва қироати ашъори Мавлонову Саъдӣ, Хайёму Ҳофиз ва Турсунзодаву Лоиқ хотири ҳамсуҳбатонро шод мегардонд, дар деҳаи Ғӯсар ба дунё омадааст, вале ҳангоми ҳафтсолагияш модари хеш Рӯзимоҳро аз даст медиҳад.
Падар ба рухсори чор тифли сағири худ менигаристу мегирист, менигарист, ором намешуд… Гиря гулӯгираш мекард…
Вақт дардро табобат мекунад. Ба ин хонадон ҳам модари нав омад. Моҳираи ҳафтсола ба модарандар оҳиста-оҳиста унс гирифт.
Ҳамзақул кӯшиш мекард, ки фарзандони ятими ӯ аз чизе камбуд надошта бошанд. Ин марди оқилу баимон дар симои духтари хеш ояндаи некро эҳсос мекард. Аз ин рӯ, пайваста ӯро ба шеърхонӣ ташвиқ менамуд ва соатҳо бехастагӣ ба садои форамаш гӯш медод.
Ӯ, ки пайваста дар сафар буд, барои мутолиаи худ ва духтараш баста-баста китоб меовард, ки он китобҳо имрӯз ҳам рафҳои китоби китобхонаи шахсии духтарашро оро медиҳанд.
Ҳамин ғамхории падар буд, ки Моҳира баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, соли 1989 онро бо баҳои аъло хатм намуд ва ба МТМУ № 25-и шаҳраки Суғдиён ба кор фиристода шуд. Омӯзишгоҳ дари бахтро низ ба рӯйи Моҳира кушод. Ҳангоми дар курси сеюм хонданаш бо ҳамкурсаш Мукаммил Сангинов оила бунёд кард, ки ҳосили ин ишқи ҷаззоб се фарзанд ва панҷ набераи ӯст.
Имрӯз фарзандони ӯ: Манучеҳр, Манижа ва Париваш баъди хатми донишкада ва донишгоҳҳо соҳиби хонаву дари худ буда, зиндагии орому осуда доранд ва аз волидайни соҳибилмашон миннатдоранд.
Моҳира дар ибтидои фаъолият омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буд. Дар соли нахусти омӯзгорияш аксари падару модарон мехостанд, ки фарзандашонро дар синфи ӯ ҷой намоянд. Моҳира аз камшумор устодонест, ки ҳамарӯза аз шогирдонаш барқияҳои миннатдорӣ мегирад. Имрӯз шогирдони ӯ аз Амрикову Аврупо пайваста ба ӯ пайғом мефиристанд.
Баъдтар баъди хатми шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ба таълими забон ва адабиёти тоҷик машғул гардид. Моҳира дар давраи дар мактаби миёна таҳсил карданаш ба сабаби хондани осори зиёди классикон ва муосирон устоди ин фан буд.
Мавсуф дар баробари омӯзгорӣ, солҳои тӯлонӣ дар вазифаи муовини директор оид ба тарбия кор кард. Ин солҳоро бегумон солҳои тиллоӣ ном бурдан месазад, чунки таҷрибаи кории ӯ борҳо дар миқёси шаҳру деҳот паҳн ва мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ӯ аз ҳар дақиқаи бекории худ самаранок истифода мебарад ва онро ба мутолиа сарф менамояд.
Мушовири шуъбаи маорифи шаҳр, омӯзгори варзида Раҳмонбердӣ Имомбердиев, ки ба Моҳира ҳаққи устодӣ дорад, пайваста кору бори ӯро ситоиш мекунад.
Сарвари МТМУ № 25-и шаҳраки Суғдиён, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Норимов дар орзуи он аст, ки сафи муаллимоне чун Моҳира Мустафоқулова дар муассиса бештар гардад.
Моҳира дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслияш дар оила, дар тарбияи фарзандони шоистаи айём ва шогирдони баномусу баор, ватандӯсту далеру худшинос қувваи худро дареғ намедорад.
Аз ин рӯ, дастпарварони МТМУ № 25-и шаҳраки Суғдиён аксар бо хоҳиши худ ба сафҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
Ӯ дар тарбияи фарзандон ва шогирдони сазовори замон мондашавиро ҳис намекунад ва абёти дилпазири «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузургро сармашқи кори худ медонад, чунки ин китоб саршори панду андарз ва ситоиши Ватан аст.

Исмоил ЗАРИФӢ,
шоир ва рӯзноманигор