ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ КИШВАР

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳим дар ҷумҳурии мо ба шумор рафта, муаррифи фарҳангу маданият, урфу одатҳои миллӣ, анъанаҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва мероси гаронбаҳои чандин-асраи халқи тоҷик эътироф шудааст.
Тоҷикистон сарзамини мардумнавозу соҳибтамаддун буда, аз ҷиҳати обу ҳаво, иқлим, манзараҳои дилангезу дилфиреб, кӯҳҳои азиму осмонбӯс, пиряхҳои хурду калон, обҳои маъданию шифобахш, гулу буттаҳо, гиёҳҳои дармонбахш, чашмаҳои мусаффо ва ҳайвоноту наботот хеле ҷолибу диданӣ мебошад.
“Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2018 барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи устувор гузошт. Илова бар ин, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуданд. Дар ин солҳо дар ҳаёти кишвар бисёр тозакориҳо ба вуқуъ пайвастанд.
Мехоҳам, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ватани азизамон — Тоҷикистон чанд андешаи худро иброз намоям:
— тақвият бахшидан ба маднияту муносибати шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии миллӣ;
— густариш додани урфу одатҳо ва фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ;
— ба системаи шаҳрдорӣ мутобиқ кунонидани маҳаллу деҳа ва деҳкадаҳо барои қабул ва ҷалби сайёҳон;
— омода намудани мутахассисо-ни варзидаи соҳаи рушди сайёҳӣ, донандагони фарҳангу маданияти миллӣ;
— тарбият намудани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғ.);
— баланд бардоштани ғурури миллии шаҳрвандон ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллии онҳо;
— тақвият намудани маданияти меҳмондӯстию меҳмоннавозӣ, инсондӯстӣ ва башардӯстии миллӣ;
— омӯхтани тарзу услубҳои муносибат бо сайёҳон;
— ташаккул додани этика ва эстетикаи соҳаи сайёҳии миллӣ.
Рушди сайёҳӣ омили муҳимми муаррифи давлату миллат, таърихи бою ғании халқу кишвар, фарҳангу маданияти миллӣ ва воситаи баланд бардоштани иқтисодиёти Ватан маҳсуб мешавад. Бино бар ин, мебояд, ки ҳар як сокини кишвар баҳри рушду соҳаи сайёҳӣ камари ҳиммат баста, барои боз ҳам шукуфону дилангез гардидани Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузор бошад.

Шерзод КОМИЛӢ,
омӯзгори мактаби №24
ба номи Чӯлибой Комилов, шаҳри Истаравшан