БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМ (МИНТАҚАВӢ)-И ОЛИМПИАДАИ «SPELLING BEE» ВА ОЛИМПИАДА ОИД БА ШОҲМОТ

Имрӯз дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2023, №205 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе даври сеюм (минтақавӣ)-и Олимпиадаи «Spelling Bee» ва Олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар иштирок намуда, аз натиҷаи дастовардҳои хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣёдовар шуд.
Дар олимпиадаҳои мазкур 178 нафар хонанда иштирок намуда, аз ин 85 нафар хонанда дар Олимпиадаи «Spelling Bee» ва 93 нафар хонанда дар Олимпиада оид ба шоҳмот байни ҳамдигар дар сатҳи баланди тайёрию ташкилӣ сабқат меварзанд.
Ҳамчунин, дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ бо омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус ва забони англисии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби мутахассисони варзида ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 200 нафар омӯзгорон иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории семинари мазкур омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо ва тартиби баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба корҳои хаттӣ, эссе (иншо) ва нақли хаттии иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои охир Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди олимпиадаҳои фанниро нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд намуда, барои зинаҳои2-юм ва 3-юми таҳсилот шумораи онҳо аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ ба 24 адад расонида шудааст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон