ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи илму маориф – соҳаи афзалиятноки кишвар ба таври рӯзафзун зиёд гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор рӯзи 4-уми марти соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати шаҳраки «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он, инчунин, сардорони раёсатҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва сохтмони асосии вазорат ва мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои минтақа иштирок намуданд
Дар рафти қабул муроҷиаткунандагон аз ҳисоби кормандони касбу кори гуногун доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, бартараф кардани норасоии китобҳои дарсӣ, зиёд намудани соатҳои дарсии фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, пешниҳодҳо оид ба рушди соҳаи маориф, ҳасмандгардонии роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, чопи китобҳои бадеӣ барои муассисаҳои таълимии томактабӣ ва чанде дигар дархост ва таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд. Дар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Баъд аз қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм бо ҳайати кормандони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои минтақа машварати корӣ анҷом дод. Зимни баррасии масъалаҳо Раҳим Саидзода ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки дар доираи ташаббусҳои созанда ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар ҷиҳати дастгирии соҳаи маориф пайваста аз иқдомҳои созанда кор мегирад. Ин моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва инчунин, рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тамоми нерӯи худро равона созем.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон