ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РАИСИ ГУРӮҲИ КОРИИ КОМИССИЯИ ШУРОИ ДАВЛАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Дар доираи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия 2-юми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо раиси гурӯҳи кории комиссияи Шурои давлатии Федератсияи Россия оид ба ғизои мактабӣ Артём Алексеевич Здунов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ, инчунин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Мордовия ба номи Н.П Огарева Дмитрий Евгеневич Глушко иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла ҷонибҳо доир ба омода намудани ошпазҳо дар муассисҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани таҳқиқотҳо дар мавзуи “Таъсири ғизо дар баланд бардоштани сифати таҳсилот” ва гузаронидани конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Ғизоимактабӣ” дар шаҳри Душанбе мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон