ДАРСИ КУШОД

Дар синфи сеюми мактаби таҳсилои миёнаи умумии рақами 8-и шаҳри Хоруғ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод таҳти унвони «Ватан – Модар» баргузор шуд. Дарс бо садо додани Суруди миллӣ ибтидо гирифт. Хонандагон оид ба Ватану ватандорӣ, зиракиву тавоноии марзбонон дар ҳифзи марзи Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, корномаи Сарвари кишвар шеърҳо ва порчаҳои насрӣ хонданд. Бо ҳидояти муаллима Зайнура Мавлододова вобаста ба мавзуъ байни шогирдон баҳси озод доир шуд.
Хонандагон ба пурсишҳои иштирокдорон ҷавобҳои равшану дақиқ гардонданд.