ОМӮЗГОР БОЯД ҶӮЯНДА БОШАД

Барои ноил гардидан ба сифати таҳсилот омӯзгорро лозим аст, ки аз имконоти мавҷуда ба таври фаровон ва мақсаднок истифода барад. Ба низоми муайян даровардани дарс аз омӯзгор малака ва маҳорати махсус талаб менамояд.
Ба назар гирифтан даркор аст, ки аксарияти хонандагон метавонанд аз дигар сарчашмаву маъхазҳо тавассути воситаҳои техникии таълим истифода намоянд. Яъне, барои мақсаднок ва тибқи барномаи таълимӣ ба роҳ мондани дарс омӯзгор метавонад шогирдонашро ба он водор намояд, ки аз адабиёти илмиву бадеӣ, публитсистӣ истифода бурда, хулоса бароварда, дар ин ё он бора ақидаи худро баён карда, онро исбот кунанд ва барои исбот далелҳои боварбахш оварда тавонанд.
Агар омӯзгор хоҳад, ки шогирдонаш дониши мукаммал гиранд, бояд дар таълим роҳу усулҳои гуногунро истифода барад, то шогирдон бо донишҳои даркорӣ мусаллаҳ бошанд. Вақте ки омӯзгор ба дарси навбатӣ тайёрӣ мебинад, илова ба истифодаи китоби дарсӣ ва маводи иловагӣ боз ҳатман бояд андешаи онро намояд, ки мавзуи пешбинишударо чӣ тавр, бо кадом сабку услуб ба хонандагон фаҳмонад. Ин аз омӯзгор донишу маҳорат ва малакаи баланд тақозо менамояд.
Ба шогирдон ба ғайр аз китоби дарсӣ истифода бурдан аз дигар сарчашмаҳоро низ бояд ёд дод. Бар замми ин, он шогирдонеро, ки аз дигар воситаҳои таълимӣ ва сарчашмаҳои иловагӣ (ҳангоми ҷавоб додани вазифаи хонагӣ) истифода мебаранд, бо баҳои баланд ва суханони ситоишомез ҳавасманд кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик омӯзгори пурҳавсала дар баробари методи фаҳмондан метавонад аз воситаҳои техникӣ низ пурсамар истифода намояд. Агар шогирдон мавзуи дарсро ба якборагӣ нафаҳмиданд, метавон онро такроран фаҳмонд. Албатта, ба ин сабру тоқат ва ҳавсалаи том даркор аст. Дар ин ҳолат асабӣ шудану ба хашм омадани муаллим даркор нест, баръакс, бо мулоиматӣ ва бо истифода аз таҷрибаи мукаммал мавзуи матраҳшударо ба бача бояд фаҳмонд. Ӯ ки қонеъ шуд, барои омӯхтани дарси оянда ва ба хубӣ аз бар кардани он мушкиле пеш нахоҳад омад.
Яке аз вазифаҳои омӯзгор аз он иборат аст, ки лаёқати дарк кардан, фаросату ҳозирҷавобӣ, шавқу завқ, майлу рағбат, қобилияту истеъдод ва дигар ҷиҳатҳои психологии ҳар як шогирди худро муайян карда, барои сайқал додани қобилияту истеъдоди хонанда ёрӣ расонад. Барои ба ин мақсад расидан дар назди шогирдон мавзуъ ва масъалаҳое гузошта мешаванд, ки онҳоро ба ҳозирҷавобӣ водор менамоянд.
Омӯзгори ҳақиқӣ ҳамеша дар ҷустуҷӯст. Дар омӯзгорӣ устоди касби худ шудан ба осонӣ муяссар намегардад. Барои ин пайваста омӯхтан ва дар амал истифода бурдани таҷрибаи омӯзгорони беҳтарин, мутолиаи адабиёт, ҳамеша ҷустуҷӯ кардани роҳҳои гуногуни ҳалли масоили тарбиявӣ зарур аст.

Саёҳат ҲОМИДОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти гимназияи №4
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе