«ТОҶИКОН» -САРЧАШМАИ БОЭЪТИМОДИ ОМӮЗИШ

Хидмати беназири таърихие, ки донишманди мумтоз, муаррихи барҷаста ва дақиқназар, академик, аллома Бобоҷон Ғафуров дар омӯзиши таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва ба оламиён муаррифӣ кардани тамаддуну фарҳанги қадимтарин дар рӯйи дунё, ки ба ин миллат мансуб аст, анҷом додааст, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.
Фарзанди фарзонаи миллат, муаррихи нобиға Бобоҷон Ғафуров бо таълифи шоҳасари худ «Тоҷикон» (дар ду қисм) бори нахуст башорат дод, ки тоҷикон соҳибдавлат, соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг буда, бо қаҳрамонони сарсупурдаи худ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзу амнияти марзу буми аҷдодӣ ва ташаккулу таҳаввули фарҳангу санъат хидмати мондагор анҷом додаанд. Аз ҷумла, академик Б.Ғафуров дар хусуси нахустин давлатдориҳои тоҷикон маълумот дода, аз давлати Сосониён ёдовар мешавад, ки пуриқтидортарин ва тараққикардатарин маҳсуб шуда, беш аз 400 сол арзи вуҷуд кардааст. Поягузори ин давлат, ҳукмрони вилояти Истахр Ардашери Бобакони Сосонӣ, ҳокими қаламрави Форс ба шумор рафта, империяи худро то ба сарҳадҳои Рим расонда буд. Дар бораи шукӯҳу неруманд будани давлати Сосониён Ф.Энгелс андешаҳояшро иброз дошта, ин давлатдориро «подшоҳии батартиб» номидааст. Ба таъкиди аллома Б.Ғафуров, «давлати Сосониён дар аҳди Хусрави Анӯшервон (солҳои 531-579) ба авҷи иқтидори худ расид. Хусрави 1 ҷангу ҷидолҳои бисёре карда, ҳатто Ямани Арабистонро тасхир намуд ва ғайр аз ин чанд ислоҳоти ҳарбӣ кард, ки онҳо муносибатҳои навбунёди феодалиро мустаҳкам карданд ва ба инкишофи баъдии он мусоидат намуданд». Дар зимн бояд иловатан таъкид намуд, ки замони давлатдории Сосониён замони гулгулшукуфию пешрафти фарҳангу илм ва адабиёт дониста шудааст. Дар ин давра бо роҳбарии шоҳони Сосонӣ ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои тиб корҳои зиёде анҷом дода шудааст, ки таъсиси Маркази тиббие бо номи «Гунди Шопур», ки дар он бузургтарин табибон ҷамъ омада, ба табобати беморон машғул мешуданд, аз қабили ин амалҳои таърихӣ мебошад. Маҳз дар ин марказ пизишкон ба муолиҷаи бемориҳои чашм, гӯш, дандон ва узвҳои дарунӣ машғул гардида, ҷарроҳиҳои вазнинро анҷом медоданд. Адабиёт низ ривоҷу равнақ ёфта, асарҳои катбие чун «Дарахти Ассурик», «Муколамаи Буз ва Хурмо», «Ёдгори зарирон» ва ғайра дар ҳамин давра ба миён омадаанд. Санъати меъморию ҳайкалтарошӣ низ тараққӣ ёфта, қасру кӯшкҳо, мадрасаву ибодатгоҳҳо бо ҳунари баланди меъморӣ бунёд гардида буданд. Мутаассифона, давлати паҳновару абарқудрати Сосониён дар миёнаи асри VII милодӣ бо ҳуҷуми арабҳо пароканда шудаву таназзул ёфта, аз байн рафт.
Пас аз суқути давлати Сосониён давлатҳои хурди дигаре арзи ҳастӣ карданд, ки Кидориён, Хиёниён, Ҳайтолиён аз ин зумра ба шумор мерафтанд. Миллати тоҷик дар дарозои таърих ҳамеша барои ҳифзи давлату давлатдории хеш талошу ҷоннисориҳо анҷом дода, бо вуҷуди зулму тааддии аҷнабиён аз пайи эъмори ҳукумати миллии хеш буд. Баъд аз сипарӣ гардидани солҳо давлатҳои миллии Тоҳириён ва Саффориён ташкил гардиданд, ки заминаи баъдӣ барои бунёди давлати барҷастае паҳновар ва пуриқтидори миллии Сомониён гардид.
Дар хусуси бузургию иқтидори давлати Сомониён, ки соҳибистиқлолу тараққикарда ва тамаддунофару пешқадам ба шумор мерафт, академик Бобоҷон Ғафуров дар “Тоҷикон” батафсил андешаронӣ намуда, ин давлатро нахустин давлатдории миллии тоҷикӣ номидааст, ки бо сарварии шоҳи хирадоину сиёсатмадори тавоно Исмоили Сомонӣ рукнҳои сиёсии он поягузорӣ шуданд. Ташкили девони вазирон ки тобеи подшоҳ буд, ба рушди соҳаи хоҷагии халқ, тиббу маориф, иқтисодиёт, кишоварзӣ, адабиёту фарҳанг ва амсоли инҳо мусоидат намуд. Маҳз дар давлати Сомониён артиши неруманд ташкил гардид, ки иқтидори мудофиавии мамлакатро таъмин менамуд. Ҳамзамон, Исмоили Сомонӣ ба рушду такомули адабиёт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекард. Дар асри X, ки онро асри тиллоии адабиёти тоҷик меноманд, абармардони фозилу соҳибшавкате чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигарон ба майдони адабиёт ворид гардиданд, ки адабиёти тоҷик, махсусан, назми онро ба қуллаи баланд расонданд. Таълифи асарҳои таърихӣ ҳамчун манбаи муътамад барои омӯзиши олимон ва донишмандону муаррихон дар асрҳои баъдӣ хидмати мондагорро иҷро намудаанд, ки “Таърихи Табарӣ”, “Ҳудуд-ул-олам”, “Калила ва Димна” аз ин қабил ҳисоб меёбанд. Аммо давлати бузурги Сомониён аз ҷониби қабоили кӯчии бодиянишин, бахусус, туркони Ғазнавӣ ба сабаби парокандагию номуттаҳидии ҳокимони алоҳида ва тоҷутахтталабии онҳо, ки иқтидори ин давлатро заиф карда буданд, аз байн рафт. Сабабу омилҳои аз байн рафтани давлати Сомониён аз ҷониби аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” бо далелу асосҳои илмӣ таҳлил ва баррасӣ шудааст.
Умуман, истифодаи асари бунёдии академик Бобоҷон Ғафуров дар машғулиятҳои таълимӣ нақши муҳим бозида, ҳамчун сарчашмаи бузурги таърихӣ ба хонандагон маълумоти фаровон медиҳад.

Ҳабибулло Авазов,
директори МТУА №111,
ноҳияи Рӯдакӣ