РОДМАРДОНУ ДАЛЕРОНИ ВАТАН

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. 23-юми феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Аз ин ҳодиса 30 сол сипарӣ шуд. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо буданд. Сарфи назар аз ин мушкилот, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт. Мақсади асосии давраи аввали фаъолияти Артиши миллӣ ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осударо дошта бошад. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию воҳидӣ буда, бо таъсиси сохторҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Давраи сеюми такмили Қувваҳои Мусаллаҳ баъди имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ идома дорад. Шакли нави Қувваҳои Мусаллаҳ — қувваҳои зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама, ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағйир додани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне, мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд. Бояд зикр намуд, ки солҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ мо ба мушкилоти нарасидани кадрҳои ҳарбӣ рӯ ба рӯ шудем ва дар ин ҷода Федератсияи Россия ба мо дасти ёрӣ дароз кард. Аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ хидматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд.
Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб мешавад.
Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Таърихи беш аз 30-солаи Артиши миллии ҷумҳурӣ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хидматҳои беназир мекунад.
Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан, дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовор гузошт.

Ҳ. Зенатшоева,
омӯзгори коллеҷи
муҳандисӣ — омӯзгории шаҳри Душанбе