ДАР ҶАВОБ БА ДАСТГИРИҲОИ ҲУКУМАТ ФАЪОЛТАР БОШЕМ!

Инсоният дар тамоми раванди рушди таърихӣ, новобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеа, ба мактабу омӯзгор ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир кардааст, зеро маҳз тавассути таълиму тарбия ва роҳнамоии омӯзгору устод рушди босуботи ҷомеа таъмин мегардад.
Дар ҷомеа, ки ба мактабу омӯзгор таваҷҷуҳ зоҳир карда намешавад, равандҳои рушди он ба монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Агар ба таърихи кишварҳои пешрафта бо дидаи таҳқиқ назар намоем, дармеёбем, ки пас аз бартараф кардани мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ онҳо таваҷҷуҳи асосиро ба рушди мактаб ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа равона карда, тавассути чунин сиёсат рушди босуботи худро таъмин намудаанд. Нуктаи дигареро низ метавон дар ин росто баррасӣ кард, ки вазъи сиёсию иҷтимоии ҷаҳон низ дар давраҳои муайяни таърихӣ барои рушду инкишофи низоми маориф то андозае мусоидат кардааст.
Бо вуҷуди ин, аз ҷумла, ҳамаи мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Ҳукумати мамлакат барои эҳёи маорифи миллӣ ва дар асоси дастовардҳои таърихию арзишҳои миллӣ роҳандозӣ кардани низоми таълиму тарбия ва мутобиқ сохтани мазмуни таҳсилот ба талаботи замони нав иқдом намуд. Дар ин замина бозбинии нақшаву барномаҳо ва стандартҳои таълимӣ оғоз гардид ва батадриҷ китобҳои дарсии замони Истиқлоли давлатӣ нашр шуданд.
Пас аз он ки вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар тавассути раҳбарии хирадмандонаву созанда ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон то андозае ба эътидол омад, таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар гардид ва рушди бонизоми он низ вусъати тозае пайдо кард. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бунёди маорифи миллӣ низ, чун дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз сифр оғоз гардид, зеро солҳои парокандагии мардум, нооромию нобасомониҳои замон боиси харобу валангор гардидани баъзе муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ гардида буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, омӯзгорони асилу ватандӯст раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ таъмин намуда, насли навраси замони навро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба таҳсил фаро мегирифтанд. Бояд гуфт, ки сиёсати бунёдкоронаву созанда ва даъватҳои Сарвари ҷавони кишвари тозаистиқлол, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби омӯзгорони охири солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози солҳои 2000 мавриди истиқбол ва тарғибу ташвиқ дар ҷомеа қарор гирифт, яъне, сиёсатеро, ки дар роҳи эъмори кишвари ба тозагӣ сазовори ормонҳои ҳазорсолаи ин миллат гардида буд, омӯзгорон дастгирӣ карда, моҳияти сулҳу салоҳ, оромию якпорчагӣ, амният ва суботи сиёсию иҷтимоиро дар байни мардум тарғибу ташвиқ мекарданд. Ҳамин аст, ки кишвари мо бо дастгирии мактабу омӯзгор аз мушкилият раҳоӣ ёфт ва мардуми сарзамин дар атрофи сиёсати ватанпарваронаву инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардид.
Сарвари давлат ба ин корнамоиҳои омӯзгорону кормандони соҳаи маориф арҷу эҳтироми хос доранд ва барои дастгирию баланд бардоштани мақоми онҳо пайваста ҷаҳду талош менамоянд. Ибрози чунин андешаи мутафаккиронаву хирадмандона зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем” исботи нуктаҳои зикршуда аст.
Ин назари хирадсолоронаи Пешвои муаззами миллат доир ба мақому манзилати мактабу омӯзгор дар заминаи омӯзиши афкори ҳазорсолаи хирадмандону мутафаккирони миллати тоҷик ва таҷрибаи муваффақонаи раҳбарии ӯ тавлид ёфтааст. Сарвари давлат ба некӣ дарёфтаанд, ки ҳам мактаб ва ҳам омӯзгор, ки ба ҳам тавъаманд, меҳвари асосии рушди ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба шумор рафта, раванди босуботи ҷомеа, сулҳу субот, амнияту оромӣ ва, умуман, муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мавқеъ ва ҷойгоҳи онҳо иртиботи қавӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат дар ин нуктаи ибрознамудаашон таъкид бар он мекунанд, ки мо мактабро ҳамчун боргоҳи илму дониш, саводу маърифат эътироф мекунем. Яъне, мо – тамоми мардуми Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба мактаб чун макони муқаддас, ки ба инсон илму дониш ва саводу маърифат меомӯзонад, арҷу эҳтиром мегузорем, ба рушди он таваҷҷуҳ зоҳир мекунем, то ки фарзандонамон дар шароити мусоид ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Аз нигоҳи Роҳбари давлат мактаб ё муассисаи таълимӣ боргоҳи илму дониш ва саводу маърифат аст. Ин мафҳумҳо, ки ба ҳам иртибот доранд, ифодагари маъноҳои ҷолибе буда, дар тамоми раванди таълиму тарбия ва зиндагии рӯзмарра ҳамсафари ҳаёти инсонанд ва барои беҳтар гардидани фаҳму дарки моҳияти зиндагӣ мусоидат менамоянд. Вожаҳои илму дониш ва саводу маърифат дар забони тоҷикӣ маъноҳои маҷмуи иттилоот, огоҳиҳо дар бораи падидае бо роҳи омӯхтан, таҷриба ё мутолиаро дошта, мафҳуми дониш ё илм андеша маънои биниш, ҳикмат, хирад, доноӣ, шинохт, маърифат, фазлро дар муқобили ҷаҳлу нодонӣ доранд, ки ин барои рушди тафаккури инсон, ташаккули муносибату муошират ва, умуман, моҳияти ҳастӣ мусоидат менамоянд. «Дар ташаккул ва рушди ин мафҳумҳо боргоҳи илму маърифат – мактаб ва шахси мафкурасозу тарбиятгар – омӯзгор нақш ва мақоми шоистае дошта, раванди ояндаи инкишофи ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу амният ва оромию осоиши кишвар ба мавқеъ ва мақоми онҳо сахт иртибот дорад» — таъкид месозанд Пешвои муаззами миллат.
Бинобар ин, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа дар шароити кунунии вазъи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва вазъияти геополитикии ҷаҳони муосир, муборизаҳои иттилотию воқеии байниҳамдигарии баъзе кишварҳои олам моро водор месозад, ки ба мавқеъ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа ба ҳайси фарди мафкурасоз арҷу эҳтиром гузорем ва мактабро ҳамчун муқаддастарин макони таълиму тарбияи наслҳои ояндасоз ва бомаърифат эътироф намоем.
Аз рӯйи назарияҳои илм-ҳои педагогию психологӣ ва фалсафӣ нахустин омили рушддиҳандаи тамоми фаъолиятҳои инсон тарбия ба шумор меравад. Тарбияи нек барои фаро гирифтани донишҳои зарурӣ мусоидат менамояд. Доманаи мафҳуми тарбия хеле васеъ аст. Дар баробари тарбияи хулқу рафтор ва гуфтору пиндори нек, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи ватандӯстию инсондӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, тарбияи ҳифзи сарватҳои табиӣ, табиати атроф ва монанди инҳо имрӯз зарурати таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба тарбияи фикрӣ ва таҳлилии насли наврас низ пеш омадааст.
Моҳияти таъкиди Пешвои муаззами миллат доир ба мақоми мактабу омӯзгор инъикосгари ҳамин нукта буда, водор месозад, ки дар замони ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба дастовардҳои замони истиқлоли кишвар дар баробари таълим, додани саводу дониш ба тарбияи фикрию таҳлилии тарбиятгирандагон ва хонандагону донишҷӯён аз ҷониби мураббиёну омӯзгорон ва устодон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Ҳамзамон, мазмуни таҳсилот (стандартҳои таълимӣ, барномаву китобҳои дарсӣ) низ бояд фарогири масоили мазкур бошанд. Бинобар ин, мо – аҳли маориф ва кормандону масъулони соҳаи таълиму тарбияи кишварро зарур аст, ки ба ин омили муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зимни таҳия ва таълифи стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ ба ин нуктаи таъкиднамудаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Ба андешаи профессор С. Ятимов “…вақте сухан дар бораи тарбия (донишманди муҳтарам нахуст тарбия гуфтааст – М.С.) ва таълим меравад, маънои омӯхтан, омӯзонидан, роҳнамоӣ, сарварӣ, ғамхорӣ ва ҳимоя кардани ҳамватанро дорад. Чунин ҷараён бояд тамоми ҳаёти инсонро фарогир бошад. Муваффақияти миллат, таъмини амният ва рушди он ба раванд ва натиҷаи ҷамъиятикунонии (милликунонии) андешаи аъзои он вобаста аст” (Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, «Ҷумҳурият», 25 январи соли 2023, №4). Зимнан, бо таъкид овардани мафҳуми тарбия аз ҷониби ин донишманди муҳтарам низ бесабаб нест, зеро тарбия кардани насли наврас танҳо вазифаи мактабу омӯзгор нест. Ба ин раванд падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа масъуланд. Маҳз бетарафии баъзе падару модарон ва шахсони масъули ҷомеа ба тарбия аст, ки ҷавонон гирифтори андеша ва вобастаи гурӯҳҳои террористию иртиҷоӣ мегарданд.
Воқеан, ба омилҳои зикркардаи донишманд С. Ятимов, ки рушди онҳо дар ниҳоди насли наврас аз мактаб оғоз гардида, тавассути дониш ва маҳорату малакаҳои педагогию психологии омӯзгор боиси инкишофи тафаккури хонандагон мегардад, таваҷҷуҳ зоҳир намудани масъулони соҳаи маориф, олимону мактабшиносон ногузир аст, зеро бунёди асосии онҳо, рушд ва инкишофи ин омилҳо ба мақом ва мавқеи мактабу омӯзгор иртиботи ногусастанӣ дорад.
Дар баробари ин, мазмуни таҳсилот, ки раҳнамои асосии омӯзгор дар тамоми раванди таълиму тарбия мебошад, хеле муҳим аст. Бе стандарти ҷавобгӯйи талаботи замон ва мутобиқ ба арзишҳои миллӣ, дунявӣ, умумибашарӣ таҳия ва таълифи китобҳои дарсии рушддиҳандаи тарбияи фикрӣ ва таҳлилии хонандагон ғайримумкин аст.
Ҳамин тариқ, ҳамаи он андешаҳои раҳнамунсоз ва ҳакимонае, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи маориф ва мақому манзилати мактабу омӯзгор иброз намуданд, пеш аз ҳама, ифодагари садоқату муҳаббаташон ба ин соҳаи боифтихор ва мафкурасоз буда, ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки ба мактабу омӯзгор арҷу эҳтиром гузошта, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи насли донишманду ояндасози кишвар таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намояд. Ба андешаи Абулқосим Фирдавсӣ, агар инсон хоҳад, ки аз равиши рӯзгор огоҳ бошад, бояд омӯзгор равону хиради ӯро раҳнамоӣ кунад:

Кунун гар шавӣ огаҳ аз рӯзгор,
Равону хирад бодат омӯзгор!

Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
профессор,
Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Бознашр аз “Ҷумҳурият” 16.02.2023, № 37 (24 648)