ЗАБОНОМӮЗӢ ОСОН МЕШАВАД, АГАР…

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки дар қатори дигар омилҳову махсусиятҳо забономӯзию забондонӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст. Забондонӣ ҳамчун яке аз бартариҳои ҳар шахс гарави комёбиҳои ӯ дар фаъолияташ ба шумор меравад. Ҳатто мегӯянд, ки агар шумо, масалан, се забонро донед, се шахс дар як тан ҳастед, тавонову пешравед.
Ба шарофати донистани забонҳои маъруфи ҷаҳон дари имконоти шахс бештар кушода асту ба олами бавусъати дониш роҳи васеъ дармеёбад. Хушбахтона, имрӯз ҷавонони мо, хонандагони мактабҳову донишҷӯёни таълимгоҳҳои олӣ ин воқеияти замонро хуб дарк кардаанд ва мекӯшанд, ки се-чор забонро омӯзанду доираи имконоташонро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷ аз он васеъ намоянд. Шогирдони мо хуб дарёфтаанд, ки «забондонӣ ҷаҳондонист» ва «ҳар забоне як ҷаҳонест».
Забони русӣ дер боз ба сифати яке аз забонҳои тавоно, маъруф ва густаришёфтаи ҷаҳон эътироф гардидааст. Он, пеш аз ҳама, забони расмии бузургтарин давлати ҷаҳон – Федератсияи Россия мебошад ва тамоми халқу миллатҳои сокини ин мамлакати паҳновар, ки теъдодашон зиёд аст, маҳз бо ҳамин забон байни ҳам робита доранд.
Забони русӣ яке аз забонҳои расмии СММ, ЮНЕСКО ва чандин созмони байналмилалист. Аз лиҳози миқдори одамоне, ки бо ин забон гуфтугӯ мекунанд, забони русӣ дар миқёси олам мавқеи шашумро ишғол менамояд. Аз ҷиҳати таваҷҷуҳи забономӯзон забони русӣ дар дунё дар мақоми ҳаштум ҷойгир аст. Забони расмии ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) низ забони русист. Соли равон (2023) бо пешниҳоди ИДМ дар қаламрави давлатҳои ин иттиҳод Соли забони русӣ эълон шудааст, ки ин тадбири муфид ба боз ҳам рушд ёфтани забони мазкур, омӯзиши бештари он ва афзудани теъдоди ҳаводоронаш мусоидат хоҳад кард. Забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нуфуз ва эътибори устувор дорад. Он дар тамоми таълимгоҳҳои мамлакат васеъ омӯхта мешавад. Робитаи тоҷикон бо ҷаҳони беруна, асосан, бо забони русӣ таъмин мегардад. Донистани ин забон ба ҳамагон имкон фароҳам меоварад, ки дар омӯзиши васеи адабиёти халқҳои ҷаҳон, дастрасӣ ба китобхонаҳои электронӣ, кор бо компютер ва Интернет робита бо ҳамсоякишварҳо, фаҳми матолиби варақаҳои гуногуни дастурӣ, барчаспу эълонҳо ва амсоли инҳо ба мушкилот дучор наоянд. Чунин қазоватҳое ҳам ҳастанд, ки омӯзиши забони русӣ гӯё нисбат ба омӯзиши аксар забонҳо душвортар аст. Онҳое, ки ба омӯзиши забони русӣ машғул мешаванд, бештар дар корбасти анҷомаву бандакҳо, таъйини ҷинсият, истифодаи падежҳо ва мавқеи пешоянду пасояндҳо душворӣ мекашанд, ба ғалат роҳ медиҳанд. Аслан, омӯзиши дурусти ин масоил чандон душвор нест, агар методикаи забономӯзӣ аз ҷониби устодон дар сатҳи зарурӣ риоя шавад. Ҷои таассуф аст, ки то ба имрӯз омӯзгорони забони русии ҷумҳуриамон дастурҳои ҷолибу муҳтавоманд ва фарогир вобаста ба таълими забони русӣ рӯи даст надоранд. Зарурат ба китоби созгор ба руҳияи замон бо номи «Методикаи таълими забони русӣ» (дар мактабҳои тоҷикӣ) рӯз то рӯз бештар эҳсос мешавад. Ҳамчунин таҳия ва нашри китобҳое оид ба таърихи забони русӣ, этимологияи вожаҳои серистеъмоли забони русӣ, луғати синониму омонимҳо дар забони русӣ, омӯзиши забони русӣ ба воситаи расмҳо, истифодаи мақсадноки бозиҳои мухтасари шавқовар дар дарсҳои забони русӣ, нуфузи байналмилалии забони русӣ, бозиҳои грамматикӣ зимни омӯзиши забони русӣ ва монанди инҳо хеле муҳим ва талаби айём аст.
Ба хонандагон кори мустақилона бо луғатномаҳову фарҳангҳоро бояд саҳеҳу дақиқ омӯхт. Агар шогирдони мо ҳамарӯза ба луғатҳои русӣ – тоҷикӣ ва тоҷикӣ — русӣ рӯй оваранд, дар забономӯзӣ хеле пешрав хоҳанд шуд.
Солҳои охир бо ду забон — тоҷикию русӣ чоп кардани китобчаҳое, ки чанд шеър ё як-ду ҳикояи хурдро дар бар мегиранд, ривоҷ меёбад, ки амали хуб аст ва ба забономӯзии хонандагон такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ситоиши забони русӣ шеъру гуфторҳои ибратбахши зиёде мавҷуданд. Истифодаи онҳо дар дарсҳо барои шогирдон хеле ҷолибу таваҷҷуҳафзо хоҳад буд. Масалан, бо азёд кардани шеъре дар ситоиши забони русӣ шогирдони мо ҳам иштиёқмандии бештар ба ин забон пайдо мекунанд ва ҳам ба омӯзиши чанд луғати нав муваффақ мешаванд.
Бори дигар таъкид менамоем, ки омӯзиши ҳар чи бештари ҳар забон аз тарафи хонандагон, пеш аз ҳама, ба маҳорату малакаи омӯзгор вобаста аст.

Реза Паллаева,
омӯзгори забони русии
мактаби №8, ноҳияи Рӯшон