БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ МАОРИФ

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои созандагӣ бомаром идома доранд. Дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, сохтмони синфхонаҳои изофӣ, таъмиру азнавсозии майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои варзиш, ташкили кабинетҳои фании замонавӣ идома дорад.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Насиба Халифазода иброз дошт, ки сохтмони бинои нави шуъбаи маориф бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома дорад. Бинои хуштарҳу замонавии шуъбаи маориф аз се ошёна, толори маҷлисгоҳ ва 38 ҳуҷраи кор иборат буда, тасмим дорем, ки онро то оғози соли нави таҳсил мавриди истифода қарор диҳем.
Дар соли 2022 дар назди 7 муассисаи таълимӣ ба тариқи ҳашар аз тарафи кумитаи падару модарон сохтмони 34 синфхонаи изофӣ барои 1020 ҷои нишаст оғоз ёфтааст.
Бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми кишвар корҳои сохтмонӣ дар мактаби №8 идома дошта, бо дастгирии сафорати Ҷопон сохтмони 4 синфхонаи изофӣ дар мактаби №21 ба нақша гирифта шудааст.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”