ФАЪОЛИЯТИ СУДМАНДИ УСТОД

Ҷивоншо Фозилов ҳангоми мактабхонӣ ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хоса дошт. Ӯ ба канданиҳои фоиданок ва дарёву чашмаҳои зулоли кишвари биҳиштосоямон таваҷҷуҳ намуда, орзу дошт, ки ҳатман омӯзгор ва мутахассиси соҳаи геология шавад. Барои ба ҳадафи хеш расидан ба таври ҷиддӣ ба омӯзиш пардохт. Вақтро ғанимат шумурда, аз устодони мактабияш дарсҳои илова гирифта, барои кашфи асрори маъданҳо ҷидду ҷаҳд намуд. Ниҳоят мактаби миёнаро хатм намуда, бе ҳеҷ дудилӣ ба факултети геологияи ДМТ ҳуҷҷат супорид. Омӯзиши пайвастааш кор доду донишҷӯ гардид ва тӯли солҳои таҳсил аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъоли факултет шинохта шуд.
Пас аз хатми донишгоҳ вай фаъолияти омӯзгорияшро (соли 1998) дар кафедраи минерология ва петрографияи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедраи мазкур оғоз намуд. Солҳои 2001 – 2004 аспирантураи шуъбаи ғоибонаи АМИТ-ро муваффақона ба итмом расонд. Дар баробари ин, устод Ҷ. Фозилов дар вазифаҳои муовини декан оид ба шуъбаи ғоибона, корҳои тарбиявӣ, муовини декан оид ба корҳои таълимӣ ва шуъбаи ғоибона, мудири кафедраи минерология ва петрография ва муовини декан оид ба корҳои таълимӣ ва шуъбаи ғоибонаи факултети геологияи ДМТ кор кард. Мавсуф аз соли 2019 то кунун ҳамчун дотсенти кафедраи номбаршуда фаъолияти таълимиву илмии хешро идома медиҳад.
Яке аз паҳлуҳои фаъолияти кори устод Ҷ. Фозилов машғул гардидан ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба шумор меравад. Самти кори илмии ӯ ба литологияи қабатҳои ангиштдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Устоди пуркор дар баробари ин, дар конфронсу ҳамоишҳои илмии сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он низ маърузаҳои пурмуҳтаво кардааст. Натиҷаи фаъолияти илмии ӯ дар бештар аз 100 мақола ва 7 дастури таълимӣ, 6 китоби дарсӣ бо забони тоҷикӣ, 1 монография, зиёда аз 60 силлабус ва барномаи курсҳои тахассусӣ ва умумӣ инъикос ёфтаанд.
Хидматҳои Ҷ. Фозилов бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, ДМТ қадрдонӣ гардидааст. Айни замон ӯ роҳбарии кори илмии ду нафар унвонҷӯро низ ба уҳда дорад. 26 феврал устоди гиромӣ зодрӯзи худро дар ҳалқаи аҳли оилаву пайвандон ҷашн гирифт. Бо ин рӯзи фирӯз устодро табрик гуфта, барояш хушбахтӣ ва дар фаъолияти омӯзгорию корҳои тадқиқотияш тавфиқ мехоҳем.

Сайфиддин МУРОДОВ,
котиби масъули
нашрияи «Пайрав»