ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

28-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара – муовини якуми вазир Ҷамшед Ҷӯразода, муовинони вазир Лутфия Абдухолиқзода, сардорони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсати маорифи вилояти Хатлон, раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ба таври ҳузурӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуданд.
Нахуст, Раҳим Саидзода ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас, гузориши сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғ.Сафарзода “Доир ба ҳисоботи сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар раёсати маорифи вилояти Хатлон” шунида шуд. Қайд гардид, ки нисбат ба соли 2021 дар вилоят 21 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ зиёд шуда, дар оянда низ сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Гузориши Ғ.Сафарзода мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар рафти пешниҳоду баррасии гузориш раиси ҷаласа ба масъулин вобаста ба пешниҳоди омори дақиқ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф вобаста ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, иҷрои саривақтии бандҳои “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, пешгирии хусусӣ намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, роҳ надодан ба азхудкунии заминҳои назди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, дар заминаи биноҳои мавҷуда ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтани биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ғайра дастур дод.
Дар идома гузориши сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н.Мирзозода “Оид ба вазъи иҷрои Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҷалб намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, қарорҳои ҳайати мушовара ва ҷаласаҳои назоратӣ дар самти татбиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои ихтисосманду китобҳои дарсӣ, назорати ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ва таъмини онҳо бо имтиёзҳои пешбинишуда, омода намудани хонандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, назорати иҷрои нақшаи қабул супоришҳои қатъӣ дод.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, сохтмони муассисаҳои томактабӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон