СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

16 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров тариқи онлайн баргузор гардид.
Дар он Ҷамшед Ҷӯразода — муовини якуми вазири маориф ва илм, Муҳаммаддовуд Саломиён — президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, шахсони масъул аз ҳисоби кормандони вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, инчунин, ректорон (директорон), ноибони ректор ва ҳамзамон, аъзои ҳакамони даври муассисавӣ ва даврҳои минбаъдаи озмун иштирок намуданд.
Ҷамшед Ҷӯразода ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани озмун ва ҳар чӣ бештар ҷалб намудани донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуд.
Вобаста ба тарзи баргузор намудани даврҳои озмун Муҳаммаддовуд Саломиён — президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон суханронӣ кард.
Дар идома миёни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифта, аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳодҳо манзур гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон