САЪЙИ КОМИЛ ӮРО БА МУРОД РАСОНД

Муродулло Носиров – хатмкардаи мактаби №71 ба номи Маҷид Раҳимови шаҳри Ҳисор. Хатмкардаи факултети физика – математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ. Аз давраи донишҷӯӣ дар мактаби рақами 17-и ноҳияи Фирдавсӣ аз фаннҳои физика ва математика дарс гуфтааст. Аз соли 2022 омӯзгори мактаби рақами 124-и ноҳияи мазкур.
Чанде пеш ӯ дар олимпиадаи байналмилалии АвруОсиё ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ гардид. Ин олимпиада моҳи январи соли ҷорӣ аз фанҳои физика, математика ва химия бо иштироки 1328 нафар омӯзгори Россия, ҶИА, Туркия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон баргузор шуд.
Муродулло аз дусолагӣ дар тарбияи модар монд. Баъди чанде додараш – Шодмон ба дунё омад. Ҳар ду чун парандаҳои навболу пар дар оғӯши модари дилбанд, вале аз ҳаёту рӯзгори хуш камнасиб, бехабар аз ғами дунё ба воя мерасиданд.
Солҳо гузаштанду Муродулло ба остонаи мактаб қадам ниҳод. Дар як муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи атрофиёнро ба худ ҷалб карда тавонист, зеро ҳам одоби хуш дошт, ҳам дар дарсҳо, бахусус, аз математика доимо баҳои аъло мегирифт.
Солҳои мактабхонӣ низ ба анҷом расид. Пас аз маслиҳату машварат ва ҳидояти ҳамдеҳаашон олими шинохташуда, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Ҳамид Маҷидов (бародари омӯзгори физикаи мактабашон Абдунабӣ Раҳимов) ба донишгоҳ дохил шуд. Дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дарси илму маҳорат гирифтан аз профессорон Муҳибулло Шерматов, Умар Умаров, Раҳмон Пиров ва Рустам Лашкарбеков барояш мояи ифтихор буд.
Муродулло дар курси чорум таҳсил мекард, ки ба таҷрибаи истеҳсолӣ баромаданд. Тибқи нақшаи маъмурияти факултет ӯ ҳамроҳи чанд ҳамсабақаш барои таҷрибаомӯзӣ ба гимназияи рақами 53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номнавис гардид. Таҷрибаомӯзиро аз донишгоҳ дотсенти факултети физика Раҷабалӣ Норов зери назорати худ гирифта буд. Муродулло ҳамарӯза, новобаста ба он ки аз физика машғулият мегузарад ё не, ба литсей ҳозир мешуд. Аз омӯзгорони таҷрибадор хоҳиш мекард, ки барои андӯхтани таҷрибаи онҳо барои дар дарсҳояшон иштирок кардан иҷозат диҳанд. Омӯзгорони батаҷрибаву шинохташуда Абдураззоқ Раззоқов, Лола Ҷабборова, ки аз физика ва математика дарс мегуфтанд, ин хоҳиши ӯро бо хушӣ пазируфтанд.
Айёми донишҷӯӣ ҳам ба охир расиду давраи фаъолияти мустақилона шуруъ гардид. Муродулло, ки ба таври буҷавӣ таҳсил менамуд, аз тарафи донишгоҳ барои фаъолияти ҳатмии омӯзгорӣ ба мактаби рақами 17-и ноҳияи Фирдавсӣ роҳхат гирифт. Ба ӯ барои таълими физика ба синфҳои 9-11 иҷозат доданд. Акнун вақти табдили назария ба амалия фаро расид.
Тӯли ҳафт соле, ки ба ин касб машғул гардид, шогирдон аз ин фан дар озмунҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доштанд. Шавкат Сарахонов аз ҷумлаи онҳост, ки айни замон донишҷӯи курси дуюми ДДМ ба номи М.Ю.Ломоносов мебошад. Ӯ ҳини дар мактаби миёна таҳсил карданаш (соли 2019) дар олимпиадаи ИМО (олимпиадаи байналмилалии математикӣ), ки аз 18 давлати дунё дар Ҷумҳурии Ҳиндустон байни хонандагони синни миёна барпо гардида буд, соҳиби ҷойи дуюм шуд. Шогирди дигари вай Саймаъруф Идиев, хонандаи синфи 6, дар корҳои эҷодии хонандагон аз математика дар мавзӯи «Усулҳои зарб кардани ададҳо», ки дар озмуни ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштирок дошт, сазовори ҷойи якум гардида, бо Диплом ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Аз соли гузашта бо хоҳиши худам ба таври гузариш фаъолияти омӯзгориямро дар мактаби рақами 124-и ноҳияи Фирдавсӣ идома дода истодаам, — мегӯяд Муродулло. Дар муассисаи таълимии мо иттиҳодияи методии фанҳои физикаву математика фаъолити назаррас дорад.
Чанде пеш китоби М.Носиров бо номи «Ҳалли 220 масъалаи олимпиадаи байналмилалӣ» (бо забони англисӣ, 187 саҳифа) тариқи нашриёти «Адиб» аз чоп баромад. Ба гуфтаи худи омӯзгор, ин маҷмуаи ӯ барои довталабони олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардидааст.
Вақте ки аз М. Носиров дар бораи муваффақияташ дар олимпиадаи байналмилалии АвруОсиё пурсон шудем, гуфт:
— Ин озмун дар як сол ду бор баргузор мешавад. Бори шашум аст, ки (аз соли 2017 ба ин тараф) дар он ба шакли онлайнӣ иштирок мекунам. Озмуни имсола низ тариқи маҷозӣ сурат гирифт. Он дар Федератсияи Россия гузашт. Муҳлати ҷавоб додан ба саволҳо 60 дақиқаро дар бар мегирад. Ман оид ба мавзуи «Гузоришҳои универсалӣ дар ҳалли муодилаҳои алгебравии ғайристандартӣ» аз 18 саволи пешниҳодшуда ба 13-тои он дар ҳаҷми 43 дақиқа ҷавобҳои дақиқ додам. Ин буд, ки дар байни 1328 омӯзгори физикаву математикаи дигар давлатҳо ҷойи сеюмро сазовор гардидам.
Мо омӯзгори муваффақ М.Носировро барои дастоварди шоистааш табрик гуфта, дар озмуни оянда барояш комёбӣ мехоҳем.

P.S. Вақте ки ин шумораи нашрия ба чоп омода мешуд, дар бораи боз як комёбии Муродулло Носиров ба мо хабар расид. Ӯ дар даври дуюми олимпиадаи байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Марсели кишвари Фаронса иштирок карда, миёни 112 нафар омӯзгори кишварҳои ҷаҳон (Россия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон…) сазовори ҷойи аввал ва соҳиби диплом шуд.