ДОНИШКАДА РУШД МЕЁБАД

Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ буда, зодаи даврони истиқлол аст. Он бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, бо мақсади тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси бахши тиббӣ – иҷтимоӣ ва тиббӣ – психологӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Дар ин бора ректори ин муассисаи таълимӣ Заррина Ибодзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки бо вуҷуди навтаъсис буданаш донишкада бо 36 муассисаи тиббӣ – профилактикии шаҳри Душанбе ба хотири ба роҳ мондани дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо намудааст.
Аз теъдоди умумии донишҷӯён (1827 нафар), 35 нафарашон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Покис-тон, Бангладеш, Нигерия буда, теъдоди онҳо нисбат ба соли гузашта 24 нафар афзудааст.
Рӯзноманигорон доир ба фаъ-олият ва иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мароқ зоҳир намуданд. Қайд гардид, ки дар ин самт донишҷӯён фаъолияти густарда доштанд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи якуми факултети «Стоматология»-и донишкада Муҳаммадҷон Довудов дар озмуни байналмилалии «Введение в медицине», ки дар Федератсияи Россия баргузор гардид, дар байни донишҷӯён ҷойи аввалро ишғол намуда, бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин, моҳи декабри соли гузашта 37 нафар донишҷӯи донишкада дар олимпиадаи сеюми байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ – «Самарқанд – 2022», ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, боз ҳам Муҳаммадҷон Довудов иштирокчии донишмандтарин дониста гардида, соҳиби Диплом шуд.
Дар донишкада корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ низ самараи нек доданд. Таҳти роҳбарии узви вобастаи АМИТ, профессор Аламхон Аҳмадов як нафар рисолаи докторӣ ва як нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ду нафари дигар (як докторант ва як унвонҷӯ) аз пешдифоъи корҳои илмияшон гузаштанд. Дар баробари ин, таҳти роҳбарии доктори илми тиб, профессор Ҳ. Ибодов як нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, чор нафари дигар – ду докторант рисолаи докторӣ ва ду нафар рисолаи номзадӣ омода менамоянд.
Заррина Ибодзода, ҳамчунин, ба суолҳои рӯзноманигорон вобаста ба паҳлуҳои дигари фаъолияти донишкада посухҳои мушаххас дод.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»