ШАҲРИ ВАҲДАТ: БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Дар нишасти матбуотие, ки дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид, раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим дар хусуси рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ сухан ронда, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар қаламрави шаҳр 16 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 2360 кӯдак фаъолият мекунад, ки дар ин муассисаҳо 92 омӯзгор ва мураббӣ ба таълиму тарбияи тарбиятгирандагон машғуланд.
Дар шаҳр 152 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, аз ҷумла, 1 литсей, 1 гимназия, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 127 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 90936 хонанда фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3899 омӯзгор кор мекунанд. Соли таҳсили 2021 – 2022 синфҳои 9 ва 11-ро 2691 нафар хатм намуда, 1396 нафар (71 фоиз) тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Тибқи квотаи Президентӣ ба макотиби олии кишвар 25 нафар дохил шуд. Инчунин, дар ҳудуди шаҳр 7 литсейи касбӣ- техникӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омор, коллеҷи сайёҳӣ ва хидмат мавҷуд аст. Барномаи давлатии компютерикунонӣ 49 фоиз иҷро гардида, шумораи компютерҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба 1997 адад, тахтаи электронӣ ба 37 адад, видеопроектор 71 адад расидааст.
Дар соли сипаришуда сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ вусъати тоза пайдо карда, аз ҷумла, дар МТМУ №3 бинои иловагии сеошёнаи иборат аз 13 синфхона ба маблағи 3 млн 600 ҳазор сомонӣ, муҷаҳҳаз бо тамоми васоити техникӣ бунёд гардид. Дар назди мактабҳои №№26, 29, 43, 119, 127 низ синфхонаҳои иловагӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар сохтмони биноҳои иловагӣ ҳиссаи соҳибкорони ҳимматбаланд хеле калон аст. Дастовардҳои коллеҷи тиббии шаҳр, МТМУ №139 ва чанди дигар дар иртибот ба иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» назаррас мебошад.
Дар қаламрави шаҳр омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома ёфта, бо ин мақсад сохтмони 808 иншоот, аз ҷумла, 92 иншооти саноатӣ, 51 муассисаи тандурустӣ, 119 адад муассисаи соҳаи маориф (биноҳои иловаю синфхонаҳо ва мактабҳои нав) ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳр 82 нафар барандаи стипендияи Президентӣ мебошанд. Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр зикр кардан бамаврид аст, ки 1 осорхона, 55 мавзеи таърихӣ-бостоншиносӣ ва 61 истироҳатгоҳи оммавӣ мавҷуд буда, теъдоди сайёҳоне, ки ба шаҳр омаданд, дар соли гузашта 325 нафарро ташкил дод.

Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»