МУҲОФИЗОНИ САДОҚАТПЕШАИ ВАТАН

Шаъну шараф, эътибору эҳтиром, мақому мартаба ва ифтихору тавонмандии ҳар яки мо бо ному ҳастии Ватан пайванди қавиву ҳамешагӣ дорад. Ватан сари болою хонаи гарм ва файзу баракату саодати мост.
Бузургтарину боэътимодтарин шахс онест, ки ватандӯст бошад, пайваста барои ҳифзи Ватан, шарафу мақоми волои он бикӯшад, Ватанро пушту паноҳи худ ва худро пушту паноҳи Ватан бидонад. Бузургони олам самимитарин сухан, беҳтарин тавсифу ситоишро бештар дар бораи Ватан ба забон овардаанд. Халқи тоҷик табиатан муҳаббат ба Ватани маҳбуб дорад ва дар посдориву ҳифзи он ҷоннисор аст. «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан воҷибтар аз он»,- гуфтаанд тоҷикон. Шоири ватанпарвари тоҷик аз ҳамдиёрони худ чунин даъват кардааст:
Бародарон, ба модари Ватан вафо кунем,
Агарки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем.
Ҳар давлату миллат барои ҳифзи ҳастию марзу буми хеш мунтазам тадбирандешӣ мекунад. Ватандорӣ пайваст ба нангу номус аст, масъулияту шуҷоат металабад. Дар ҳифзи Ватан ҳамагон – хурду калону пиру ҷавон ва марду зан вазифадоранд, зеро Ватан хонаи гарму гуворову руҳафзои ҳамаи мост. Яке аз муҳимтарин василаҳои посдорию ҳифзи Ватани азиз фаъолияти Артиши миллист. Тавоноию устувории Ватан дар ҳастии Артиши миллӣ ифода меёбад. Давлат бидуни мавҷудияти чунин ниҳод қудратманд буда наметавонад, ҳастияш ҳамеша зери суол мемонад. Аз ин ҷост, ки чун дар оғози даҳсолаи охирини садаи бист Тоҷикистон соҳибистиқлол гашту дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр шинохта шуд, зарурати таъсиси Артиши миллӣ ба миён омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1992 яке аз аввалин фармонҳои худро ба сифати роҳбари тозаинтихоби мамлакат бо номи «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонданд. Ин фармони таърихӣ ба ташкили Артиши миллӣ – Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Таъсиси чунин ниҳод воқеан зарурати таъхирнопазир буд, зеро давлати навташкили тоҷикон ва истиқлоли он зери хатар қарор дошт. Дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ мухолифату даргириҳо авҷ гирифта буданд. Моликияти давлатию мардумӣ тороҷ мешуд, тахрибкорӣ, воҳимаафканӣ, рафтори даҳшатангез ҳама ҷо ба мушоҳида мерасид. Ҳатто хавфи пора шудани мамлакат, яъне ба қисматҳо ҷудо шудани он ба миён омада буд. Аъмоли манфури маҳалгароӣ, бартариҷӯӣ ва манфиатҷӯӣ равшан ба мушоҳида мерасиданд. Халқи одӣ дар пайдо кардани ризқу рӯзӣ, маҳсулоти хӯроки душворӣ мекашид. Қувваҳои тамаъҷӯи берунӣ барои амалӣ кардани ҳадафҳои манфури худ ба ҳар восита иғвогарию оташангезӣ мекарданд. Гузашта аз ин, баъзе аз мансабдорони давлатӣ буздилӣ, дурӯӣ, ноустуворӣ зоҳир мекарданд. Вазъи хеле гарону фоҷиабор ва мураккаби он айём дар як қатор китобу мақолаву рисолаҳои қаламкашони ҳақиқатнигори тоҷик воқеъбинони инъикос ёфтааст ва аз мутолиаи онҳо ҳар хонандаи ҳушманд худ ба хулосае хоҳад расид, ки Ватани азизи мо чӣ рӯзҳои мудҳишеро аз сар гузаронидаву аз чӣ гуна вартаҳо наҷот ёфтааст ва ҳукумати конститутсионӣ, ниҳодҳои таркибии он, аз ҷумла, Қувваҳои Мусаллаҳ дар чӣ вазъу муҳите таъсис ёфтаанд…
Пас аз ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон бори аввал 23 феврали соли 1993 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гашт ва ин рӯзи таърихӣ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Халқи тоҷик ин ҳодисаро бо ифтихору самимият пазируфт ва аз он ҷонибдорӣ кард.
Мардум хуб дарку эҳсос карданд, ки акнун дар ҳастиву фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳ ҳомии зиндагии осудаи худро доранд ва метавонанд бо дасту дили гарм ва бо хотири осуда зиндагӣ ва кор бикунанд.
Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ иброз дошта буданд: «Артиши миллии мо дар ҷои холӣ бунёд ёфт». Ҳар кас, ки аз воқеияти солҳои 90-уми асри бист хуб огаҳӣ дорад, ба ҳақиқати ин суханон заррае шубҳа нахоҳад кард. Давлати навбунёди тоҷикон на аслиҳа дошту на ашёи ҳарбӣ ва ҳатто на маблағи кофӣ барои таъсиси ниҳоди ҳарбии замонавӣ. Танҳо тадбирҷӯиҳои оқилона, азму иродаи қавӣ, устувории ватандӯстонаи Пешвои миллат ба он мусоидат карданд, ки тамоми монеаҳо бартараф гарданд ва Қувваҳои Мусаллаҳ ба фаъолият шуруъ намояд. Ин ниҳоди давлатӣ аз оғози таъсисаш аз имтиҳоноти ҷиддию пурхатар гузашта, садоқаташро ба миллату давлат собит намуд ва сазовори бовару эътимоди аҳли кишвар гашт.
Муҳимтарин корномаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар марҳалаи аввали таъсисаш ҳимояи шарафмандонаи истиқлоли ҷумҳурӣ, ҳукумати конститутсионӣ, моликияти давлатӣ ва манфиатҳои халқи заҳматкаш буд. Аввалин сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ҷоннисорони Ватан, накуфарзандони миллат, қаҳрамонони арсаи нангу номус ва далерони садоқатоин дар китоби таърихи миллат ҷойгаҳи ифтихорию ҷовидонӣ дарёфтанд. Бо гузашти солҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувору мукаммал ва неруманд гашт ва воқеан ба сипари боэътимоди Ватан табдил ёфт. Имсол дар кишварамон 30-солагии ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил мешавад ва ин ҷашни умумихалқист, ҷашнест, ки бақову сафои миллатро ифода мекунад. Корномаи сисолаи ин ниҳоди ифтихорию тавонои кишвар пур аз ҷасорату мардонагӣ ва шаъну шараф аст, корномаест, ки омезиш ба садоқату муҳаббат ба Ватан, ба миллат, ба халқ, ба Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дорад. Қувваҳои Мусаллаҳ ба мактаби далерию мардонагӣ ва ба символи ватандӯстӣ табдил ёфтааст ва хидмат дар сафҳои он дараҷаи олии номуси ватандорист.
Мо ифтихор аз он дорем, ки таълимгоҳи шарафмандамон – Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов барои мукаммал кардани ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини он бо мутахассисони варзида, омодасозии ҷавонон ба хидмат, тарғиби комёбиҳои сарбозони тоҷик… нақши муайян мегузорад.
Дар донишкада солҳо боз кафедраи ҳарбӣ бомуваффақият фаъолият дорад ва вобаста ба ду ихтисос – командири взводи савораи тирандоз дар МЗ-80 ва роҳбари омодагии дифои ҳарбӣ бо донишҷӯён машғулиятҳо баргузор менамояд. Дар ҳамаи факултетҳо ҷавонон ба омӯзиши ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус доранд. Факултети омодагии дифои ҳарбӣ барои тамоми таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ омӯзгорони соҳибтахассус –устодон ва роҳбарони омодагии дифои ҳарбӣ тайёр мекунад. Барои омӯзиш ва машғулиятҳои ҳарбӣ дар донишкада шароити созгор (аз майдончаҳои махсусу аёниятҳои зарурӣ ва технологияи муосир) фароҳам оварда шудааст. Дар давоми ҳар соли таҳсил вобаста ба тарбияи ҳарбию ватандӯстии донишҷӯён дар донишкада конфронсу ҳамоишҳо, мусобиқаву ҷашнвораҳо ва вохӯрию мулоқотҳо баргузор карда мешаванд. Кафедраи ҳарбӣ бо беҳтарин устодони соҳибтаҷрибаву соҳибунвон таъмин мебошад. Қисмате аз шогирдони ин кафедра ҳамасола ҳайати захираи Қувваҳои Мусаллаҳро такмил мебахшанд ва қисмати дигар бевосита сафи ин ниҳоди ҳомии Ватанро пур месозанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) аз хусуси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сухан ронда, зимнан, иброз доштанд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».
Президенти мамлакат дар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳаз кардани Қувваҳои Мусаллаҳро омили муҳими тақвияти иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ ва гарави ҳифзи осоиштагии сокинони кишвар эълом доштанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина минбаъд боз ҳам такмил хоҳад ёфт, пуриқтидортар хоҳад гашт ва барои халқу миллат ҳамеша бедору ҳушёр хоҳад буд.
Сиюмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ниҳоди посдори Ватан ва истиқлоли безаволи он, барои тамоми сокинони кишвар фархунда бод!

Шодӣ Сафаров,
ректори Донишкадаи тарбияи
ҷисмонии Тоҷикистон ба номи
С.Раҳимов, доктори илми педагогӣ