ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медоранд ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунанд. Тибқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Тайи 30 соли мавҷудияташ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, имрӯз ба неруи пурқудрати низомӣ табдил ёфтааст ва муҳофизи сулху оромии кишвари азизамон мебошад.
Ватани мо сарзамини ободу ором, дорои табиати зебову кӯҳҳои осмонбӯс ва мардуми оқилу заковатманд аст.
Мо, ҷавонони зодаи истиқлол, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бо назари нек менигарем.
Ҳамасола Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизҳои гирд ва сайрҳои осорхонавӣ таҳти унвони «Посдорони сулҳу осоиштагӣ», «Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан», «Ҳомиёни марзу буми Ватан» бо иштироки афсарону сарбозон баргузор менамояд.
Масъулини шуъбаи муосири осорхона дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ ҳамасола афсарону сарбозонро бо намоишҳои толорҳои Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, давраи Сомониён, Рӯдакӣ, мардумшиносӣ, давраи Шуравӣ, замони Истиқлол ва табиати кишвар шинос намуда, чорабиниҳои фарҳангию фароғатии хотирмон дар ҳамкорӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр баргузор менамояд. Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо тарбияи ватандӯстӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон мебошад.
Дурахшон Бобоева,
корманди илмии Осорхонаи шаҳри Панҷакент