НИЗОМИ БОСАЛОҲИЯТИ ТАЪЛИМ МАНФИАТОВАР АСТ

Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумату давлат илму маориф ва таълиму тарбия дар сатҳи баланд қарор дорад. Ҳамеша ба хотири инкишофи сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём (23.12.2023) зикр намуданд, илму маориф як қисми муҳиму ҷудонашавандаи ҷомеа маҳсуб шуда, дар корбурди сиёсати кишвар нақши калидӣ мебозад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати хуби таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пурзӯр намудани дараҷаи касбият дар оянда ва босифат намудани шакли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ низоми нави таҳсилро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ намуданд, ки ба ташаккули андешаи солим, бедор намудани афкори хонанда ва такмил додани дараҷаи суханронӣ мусоидат менамояд.
Низоми муносибати босалоҳияти таълим низ яке аз иқдомҳои хуби Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки метавонад, сатҳи таҳсили муассисаҳои таълимии кишварро ба дараҷаи таҳсили Амрикову Аврупо баробар кунад. Ин шакли низоми таҳсил ба хонанда имконият медиҳад, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошад ва пайваста талош намояд.
Ҳоло дар муассаҳои таълимии кишвар низоми таълими босалоҳият истифода мешавад, ки метавонад, чандин ҷанбаи муфиди худро ба хонанда ва омӯзгор расонад. Аз ҷумла, шакли низоми босалоҳият хонандаро ба фикр ва ҷустуҷӯ кардан водор месозад, вақти дарсро ба як низоми мувофиқ дароварда, ҳар як дақиқаро ба нафъи хонанда ҷудо мекунад, озодбаёниро дар дарс барқарор мекунад, диққати асосиро ба амалия зиёдтар менамояд, омӯзгорро водор месозад, ки бештар омӯзад ва аз сохти қолабсозии кӯр-кӯронаи сарсарӣ даст кашад, омӯзгорро масъул месозад, ки ҳамеша дар андешаи навоварӣ, эҷодкорӣ ва ихтироъ бошад.
Ин ҷо шакли фишурдаи низоми муносибати босалоҳияти таълимро дар дарсҳои таълимии омӯзгорон ёдовар шудем. Аслан, ташреҳи низоми таълими босалоҳият хеле муфассал буда, дар равиши тренингҳову семинарҳои омӯзишӣ ба омӯзгорон омӯзонида мешавад.
Мо, омӯзгорон дар равиши таълим дар муассисаи таълимии мо аз низоми босалоҳияти таълим истифода мебарем, ки бисёр самарабахш аст. Барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пешниҳод менамоям, ки курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани таҷрибаи омӯзгорон зиёд карда шавад, то омӯзгор тавонад аз усулҳои ҷадиди низоми муносибати босалоҳияти таълим бархӯрдор гардад.
Хулоса, сиёсати пешгирифта ба хотири ба роҳ мондани муносибати босалоҳияти таълим дар муассисаҳои таълимӣ яке аз иқдомҳои бузург буда, хонандагонро барои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ омода месозад. Мо, омӯзгорон низ дар ин радиф кӯшиш мекунем, ки ба хотири баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва пурзӯр намудани низоми босалоҳияти таълим равишу усулҳои нав ба навро пешниҳоду баррасӣ намоем.
Зафар КАРИМОВ,
омӯзгори МТМУ №11-и
ноҳияи Варзоб