БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ

21-уми феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷӯразода, муовинони вазир Л. Абдухолиқзода, З. Абдулзода ва Ш. Хайрзода, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи назоратӣ ҳисоботи Ализода Довуд — сардори сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шунида шуд.

Раиси ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба касбиятнокӣ ва дарки масъулияти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки дар замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи роҳбариро набояд ба нафарони тасодуфӣ бовар кард. Моро зарур аст, то мутаххасисони касбияташон баланд ва соҳибтаҷрибаро ба фаъолият ҷалб намуда, барои ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта саҳм гузорем.

Дар охир, раиси ҷаласа бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон