РАВЗАНАИ НАВ ДАР ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов — «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад…»)
Мақола ва таҳлилҳои профессор С. Ятимов аз нуқтаи назари илмиву мантиқӣ ва руҳияи хоси оммавӣ сарчашма мегирад. Хосияти илмиву оммавии андешаҳо дар чунин таҳлилҳо танҳо ба он муаллифоне даст медиҳад, ки аз нозукиҳои илми мантиқ огаҳанд ва аз ҷаҳонбиниҳои амиқи адабиву фалсафӣ бархурдор мебошанд. Унвони мақола бо мисраи маъруфу даъватсози “Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад…” оғоз гардида, ин хосияти фаҳмову возеҳи сарлавҳа дар ҳар як ҷумлаи нигошта нигоҳ дошта шудааст.
Мақолаи мазкур аз руҷуъ ва қисматҳои “Муқаддима”, “Эҳёи манзалати хирад”, “Ҷаҳонбинӣ, тақдир ва таърих”, “Давлати миллӣ ва мактаби миллӣ”, “Шароити воқеии фаъолият”, “Инсон – маҳсули ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ”, “Ҳолат, муносибат, вазъият”, “Китоби дарсӣ офарандаи инсон аст”, “Манфиати миллӣ ва маорифи динӣ” ва “Хулоса” иборат гардида, дар ниҳоят масъалаи худшиносиву худогоҳии миллиро пайгирӣ намудаанд.
Андешаи муқаддимавӣ, ки ба он сад дар сад ҷомеаи кулл ҷонибдор буда метавонад, ин ҷумлаи муаллиф аст: “Нуқтаи архимедӣ – такягоҳи ҳуҷҷати баҳогузории кори ҳукумат аст”. Чунин ақидаву назар ба таври содаву возеҳ ба он ишора менамояд, ки дар масири таърих аҳли ҷомеа аз ҳокимияту салтанатҳо аз дидгоҳи ҳаёти иқтисодии ҷомеа баҳогузорӣ намудаанд ва менамоянд. Дар Паём таъкид гашт ва муаллифи мақола низ зикр намудааст ва ҷомеаи имрӯза ҳам қоил аст, ки дар мушкилтарин давраи буҳронӣ Тоҷикистон тавонист, ки дар муқобили мавҷҳои буҳронӣ муваффақона истода намояд. Ҳасудону тангназарон ва манфиатҷӯёни алоҳида (махсусан, хориҷӣ) дар оғози буҳрони пандемия ва буҳрону мушкилоти Россияву Украина пешгӯиҳои ногуворро нисбат ба Тоҷикистон паҳн мекарданд. Ғайриинтизор ин буҳрон дар дигар минтақаҳо доман паҳн кард ва карда истодааст. Собит гардид, ки бузургтарин абарқудратҳои ҷаҳон аз нигоҳи иқтисодиву саноатӣ аз таҳримҳову чораҳои андешидаи худ бештар аз дигарон мувоҷеҳи мушкилу буҳронҳо гардиданд.
Ҷавҳар ва меҳвари андешаҳои муҳтарам С. Ятимов аз муаммову масъалаи маориф ва маънавияту маърифати имрӯзаи ҷомеа иборат гардидааст. Маълум аст, ки пояи аслии пешрафту таҳаввули мусбати ҳама гуна ҷомеаро маориф ташкил медиҳад ва интихоби ин масъала барои таҳлили густурда аз ҷониби профессор С. Ятимов беҳадаф набуда, дар ҳамоҳангӣ бо Паём муваффақона, мувофиқ ба талаботи рӯз сурат гирифтааст. Вобаста ба ин, муаллиф аз усули қиёсии таҳлил кор мегирад ва он аз дигар қиёсҳои олимону мутафаккирон тафовути ҷиддӣ дорад. Аксар вақтҳо шоҳиди он мегардем, ки корбасти қиёсҳо аз ҷониби коршиносону шореҳону муҳаққиқон ба таври умумиву маҷмуӣ дар як доираву чаҳорчӯба сурат мегиранд, ки ин муҷиби қолабиву обшуста гардидани андешаҳо мешаванд. Дар назари аввал чунин менамояд, ки қиёсҳои профессор С. Ятимов низ як усули анъанавӣ мебошад. Аммо сабку услуби хоси таҳлилҳои муаллиф ин гумонро барҳам мезанад. Андешаи муқаррарӣ бо ҷуръату баёни бепарда хатм мешавад ва давоми он бо як иқтибоси огоҳонаву олимона намунаи беҳтарини асоснокии қиёс мегардад. Нуқтаи таҳрикбахш ва неруманд таъбири Отто фон Бисмарк мебошад, ки баъди пеш овардани он хонанда муътақиди муқоисаи асосноки муаллиф мегардад ва холигоҳи дигаре барои ҳама гуна баҳс боқӣ намемонад. Таъбири Бисмарк оҳанги нанг дорад (…гирди номи падар чӣ мегардӣ?) ва барои ҳар як хонанда эҳсоси нангу номуси ватандориро бедор менамояд. Истифодаи чунин иқтибос бо дарки умқи фазову муҳити замон аст ва профессор С. Ятимов бо эҳсоси баланди худшиносӣ ба хидматҳои салтанати Сомониён иқрор менамояд ва аз зовияи андешаи дигар ба ҳолати равонии хонанда таъсиргузориро ба вуҷуд меоварад: “Агар ба қавли таърихнависон, асри Х – замони салтанати Сомониён, давраи тиллоии тараққиёти илм, адабиёту фарҳанг ёдоварӣ шавад, замони роҳбарии Пешвои миллат дар шароит ва имконоти навин, бидуни шак, муассиртар, самараноктар ва бузургтар аз он аст. Чунин амал, бо мантиқи сухани Отто фон Бисмарк, ки ҳангоми муколамааш ба халқ гуфта буд: «Мо нисбати падарони худ беҳтар кӯшиш ва натиҷабардорӣ хоҳем кард!», ҳамоҳангӣ мекунад.”
Тавре, ки огаҳ ҳастем, дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои соҳаи маориф ва умуман, масоили марбут ба соҳаи мазкур хеле хубу ҳамаҷониба бозгӯ гаштанд. Нуктаҳои вобаста ба ин масъала дар мақола чун дигар таҳлилҳо дар атрофи Паём баррасиву тавсифи такрору қолабӣ наёфтаанд ва ба иборае, муаллиф аз усули “маҳсули ҳосил” кор намегирад. Дар ин самт профессор С. Ятимов ба дигар паҳлуи масъала дахл менамояд, ки воқеияти мавҷударо чӣ гуна ба фаҳму дарки омма наздик намудан (баёни возеҳ) мумкин аст. Дар робита ба ҷузъиёти дар Паём таъкидшуда муаллиф ба хулосае ҳам меояд, ки ҷомеа дар асоси далелу арқоми мафҳуму мушаххас идроки мустақил дорад: “…далелнокии мантиқӣ он аст, ки худи ҳақиқати воқеӣ хосияти дарки мустақилро касб мекунад”.
Профессор С. Ятимов сиёсатшиносест, ки бо мутолиаи васеи адабиёти фалсафии гуногунҷабҳаи ҷаҳонӣ, донистани чанд забони хориҷӣ, аз бар намудани донишу ҷаҳонбиниҳои замонавӣ, воқиф будан бо назарияҳои муосиру гузаштаи идеологӣ, ташхиси равандҳои сиёсӣ ва амсоли он андешаҳояшро дар мутобиқат ба манфиатҳои иҷтимоии имрӯзаи миллӣ шакл бахшида, қонунмандиҳои таърихсозиро ба майдони баҳс меорад. Дар ҳақиқат, таърихи навини халқи тоҷик ба қаҳрамониву матонати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич иртибот дорад ва он барои наслҳои имрӯзу оянда омӯзанда мебошад. Муаллифи мақолаи “Тавоно бувад, ҳар ки дона бувад” – С. Ятимов хеле огоҳонаву моҳирона хонандаро ба асли мақсад наздик месозад. Табъу завқи хонандаро хуб дарк менамояд ва дар ҳолати дигар публитсистикаву илмро хеле нозук бо ҳам таҷзия (оммавияти афкор) мебахшад. Ба равзанаи афкори хонанда бо асосҳои илмӣ наздик гардида, дар ин олами афкор хатти наву ҳаракати навро ба вуҷуд меоварад. Дар ин замина, таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоиро, ки як давраи комили таърихиро ташкил медиҳад ва дар он номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сархат қарор дорад, ба сифати саҳифаҳои сабтгаштаи таърихӣ баҳогузорӣ менамояд: “Худи таърих ҳам дар асл падидае нест, ки аз он амал рӯяд. «Таърих ҳеҷ коре намекунад. Вай ягон хел бойигарии беохир надорад». Он «дар ягон ҷабҳа мубориза намебарад!». На «таърих», маҳз инсон, инсони воқеӣ, зинда аст, ки ҳамаи ин корҳоро анҷом медиҳад… Таърихсоз Инсон аст, ки ба вақту муҳит муҳтаво мебахшад. Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи миллати тоҷик, давлати миллии тоҷиконро машҳури олам сохт. Сиёсати маорифпарварии Пешвои миллат қисмати муҳимми ин маъруфият маҳсуб мегардад.
Профессор С. Ятимов махсусиятҳои ҳувияти миллиро дар ҷомеаи гузаштаву муосири мо хеле нозукбинона ташхису таҳлил менамояд ва маълум, ки аз паҳлуҳои заъфи он ба таври амиқ огаҳ мебошад: “Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман Осиёи Бузурги Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?”. Ин нуктаи басҳснокро на ҳар як зиёиву олими замон ба баррасӣ мекашад. Шоирону адибони муосир, ба монанди Лоиқу Бозор Собир гоҳ-гоҳе ба ин масъала (андешаҳои ҳар кадом шоир дар бораи таърихи гузашта, забони модарӣ, мулкҳои аздастрафта ва ғ.) қатъи назар аз сензураи замони Шуравӣ ишораҳои ошкору ниҳон менамуданд. Дар ин саргаҳ устод С. Айнӣ қарор гирифта буд, ки мехост тоҷик аз нав соҳиби ганҷи аздастдодааш гардад ва барои ин далел (“Намунаи адабиёти тоҷик”) пеш меовард. Дар шароити феълӣ асли ин дарду нуқсонро (таваккалу тақдирсолорӣ) муайяну мушаххас гардонидан кори саҳл нест ва он андешаи муаллифи мақола ассос дорад, ки мавқеи на ҳама ашхоси огоҳу соҳибтаҷриба ба “ормонҳои давлатдории миллӣ” мувофиқ мебошад. Ишораву таъкиди муаллифи мақола ба вазъи имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст ва ин як ҳушдори қатъие низ (чораандешӣ! Б.Қ) барои раҳоӣ аз пешомадҳои ногувор мебошад: “Дар мушкилоти миллии фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ афтодани миллати тоҷик фақат ҷойи таассуф аст. Аммо онро мебояд аз лиҳози илмӣ – таърихӣ дарк ва тавассути маърифатикунонӣ чораандешӣ кард”. Мусаллам аст, ки ҷой надоштани ҳокимияти сиёсии миллати тоҷик дар тӯли ҳазор сол сабаби он гардид, ки “хӯи ғуломӣ ва тақдирсолорӣ” дар вуҷуди мо боло равад. Дар давоми танҳо се даҳсола дур намудани ин захми ҳазорсола хеле душвор аст ва он фурсатҳо ва дар баробари ин амалҳои оҷиливу оқилонаро талаб менамояд. Тавре, ки таъкид гардидааст, аз ақидаи ғуломӣ дур гардидан ва роҳи мустақили фикр кардану амал карданро ихтиёр намудан “вазифаи таърихии ҳокимият, омӯзгор ва омӯзанда мебошад”.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат масъалаи маорифу тарбияи худшиносии насли ҷавон бо дарназардошти дурнамои мусбати ҷомеа таъкид гардида, ба қазоват даъват намудани тамоми қишрҳои ҷомеа талаботи замон арзёбӣ гашт. Пешвои миллат дар чанд соли ахир нисбат ба масъалаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса медиҳанд ва чунончи дар Паёми соли 2021 махсусан, аз “ислоҳот дар соҳаи маориф” таъкид намуда буданд. Ҳамин аст, ки ин раванд бо шаклу намои нав суръат пайдо кардан мехоҳад. Бо назардошти ин паҳлуҳо муаллиф танҳо ба таҳлили зоҳирии масъала такя наменамояд ва дар он мавқеъ аст, ки раванди ҷаҳонишавии мураккаб барои ҷомеаи кунунии мо буҳронҳои ғайриинтизорро пеш наорад. Муаллиф боз ҳам дар заминаи қиёс дар ин самт чуръату ҷасорат зоҳир намуда, решаҳову сарчашмаҳои ҷангу ихтилофи шаҳрвандии солҳои навадумро бепарда баён менамояд. Ба ин мавқеи муаллиф мувофиқ ҳастем ва ҳанӯз аз ёду хотира берун нагардидааст, ки замоне бо оҳанги “…босмачӣ марди ватандор” ақидаҳову андешаҳо тарғиб мегардиданд: “…Нуқтаи ниҳоии буҳрони ақидатии аввали солҳои навадум пуштибонӣ аз назарияи босмачигарӣ ва хомӯшии ризоятмандонаи «мағзи миллат» – зиёиён буд. Ҳамагӣ бо гузашти чанд моҳ ҷомеаи тоҷик аз назария ба амалияи он – ҷиҳодгароӣ рӯ ба рӯ гашт”. Профессор С. Ятимов бо дарназардошти мавҷудияти таълимоти ифротгароёнаи муосир (бештар дар ҷомеаи шарқӣ) дурнамои тираро ишора менамояд. Мункир наметавон буд, ки чунин равандҳо дар назари аввал назарногиру муназзам (ҳадафҳои миссионерӣ) сурат гирифта, оқибат ба харобшавию фано гардидани ҷомеаву давлатҳо боис мешаванд. Ин хатарҳо дар фазои умумии Осиёи Марказӣ қатъи назар набуда, чунин оҳанге матраҳ мешавад, ки ин хавф танҳо барои Тоҷикистон намебошад: “Акси садои ҷаҳонбинии зиддимиллӣ дар шаклҳои гуногун имрӯз ҳамчун шабаҳ баръало ба чашм мехӯрад. Ва ба гӯшҳо мерасад. Яъне масъалаи ба алангаи ҷанги шаҳрвандӣ фарогирии ҷавонони солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта, зери таъсири ақидаҳои муллоҳои ифротӣ мондани онҳо, ҳамчун камбуди бузурги давлат ва давлатдории он замон бояд ба инобат гирифта шавад”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёмҳо ва ҳам дар ҳама мулоқотҳояшон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аз аҳамияту афзалияти соҳаи маориф ва таълиму тарбия сухан мегӯянд. Андешаи профессор С. Ятимов дар ин бобат он аст, ки “Таваҷҷуҳи фавқулодаи Пешвои миллат нисбат ба фаъолият, сифат, самараи мактаб ва маориф ҷанбаи бунёдӣ – таърихӣ дорад”. Табиист, ки чунин таваҷҷуҳи амиқ барои бунёди як давлати миллии устувор мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кори ҷиддии давлатсозии худ танҳо барои имрӯз ҷомеаи миллӣ бунёд накардаанд, балки бо назардошти манфиатҳои миллӣ барои наслҳои минбаъда заминаи устуворро бунёд кардан мехоҳанд. Чунин давлатро танҳо он пешвоёне дар ҷаҳон сохта тавонистаанд, ки истеъдоди фавқуллодаи беназир доранд. Равандҳои имрӯзаи сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ собит намуданд, ки дар роҳи ҳифзи давлати миллӣ иқтидори иқтисодиву саноатӣ чандон муҳим ҳам набудаанд. Имрӯз аҳволи кишварҳои алоҳидаи саноатӣ, ки ҳатто силоҳи атомиро соҳибанд, ба ҳама маълум мебошанд. Давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, ки бо захираҳои газу нафт дар ҷойи аввал меистоданд, дар мушкилтарин ҳолати парокандашавию оқибатҳои ногувор қарор доранд. Набудани маърифату маънавияти миллӣ, саҳл пиндоштани ҷараёнҳои номатлубу “назарногир” ва ниёзмандӣ эҳсос намудан ба “ангушти ишоратӣ” онҳоро ба буҳронҳои шадид гирифтор намудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи сиёсияшон хосияти ин ҷараёнҳоро дарк менамоянд ва ҳамин аст, ки дар сиёсати худ системаи маорифро дар мадди аввад қарор додаанд. Профессор С. Ятимов ба ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси заминаву пойдевори ҳадафҳо назар андохта, асоснокии онро ба назарияи амиқи фалсафӣ исбот менамояд: “Ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл, яке аз саромадони фалсафаи объективии олам Аристотел таъкид кардааст: «Қонунгузор мебояд ба тарбияи ҷавонон аҳамияти фавқулода диҳад. Маҳз дар давлатҳое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад». Файласуфи Юнони Қадим, бидуни дудилагӣ, гаштаву баргашта, хотиррасон мекунад, ки барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ, муҳтавои тарбия, умуман, сиёсати ҳукумат дар соҳаи таълиму тарбия бояд таҳти назорати қатъӣ ва корбарии давлат бошанд”. Бандҳои дигари ин андеша ба таври қатъӣ дуруст будани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳанд ва тақвиятбахшии онро ба аҳли ҷомеа таъкид менамоянд. Аз кадом таълимот сарчашма гирифтани чунин сиёсатро амиқу мушаххас месозанд, ки он, албатта, “назорати қатъӣ ва корбарии давлат” арзёбӣ мегардад. Яъне дар такя ба андешаҳои дигари ин файласуфи Юнони Қадим чӣ афзалият доштани таълиму тарбияву маорифро бозгӯ мекунад. Аз ҷониби дигар, ин ишораву таъкид ба тамоми намояндагони соҳаи маориф мебошад, ки имрӯз таълиму тарбия ба дӯши онҳо вогузошта шудааст: “…Дар идомаи сухан Аристотел таълиму тарбияро ҷанин, асос, ибтидо, сабабгори тавлид ва шаклгирии муҳтавои сохти давлатдорӣ мешуморад: «Тарбия аз оғоз бунёдгузори сохти давлатдорӣ аст» ва чун устоди бузурги одамизод хотиррасон мекунад: «Ҳама вақт сифати нек шакли хуби сохти давлатдориро таъмин менамояд».
Бо такя ба нигоштаҳои дигари муаллиф гуфтан месазад, ки профессор С.Ятимов он муҳаққиқу олимест, ки бо пешниҳоди содаи матлаб дари фаҳму идроки хонандаро кушодан мехоҳад. Аз ин зовия зикр бояд кард, ки андешаҳои С. Ятимов бо назардошти фазову оҳанги рӯз дар руҳияи оммавӣ шакл пайдо кардаанд. Муаллиф бо мантиқи қавӣ ҳар як муаммои пешгузошташударо дар доираи донишу ҷаҳонбиниҳои фардӣ ҳазм карда, дар ниҳоят бо шарҳу тавзеҳи комил муваффақ мегардад. Масалан, дар шинохти мафҳуми инсон муаллифи мақола боз ҳам аз дидгоҳи фалсафӣ муносибат мекунад. Муқаддас будани моҳияту мазмуни мафҳуми “ИНСОН”-ро аз дидгоҳи илмиву хосу матлуб тавзеҳ медиҳад. Инсонро парвардаи ҷомеаву муҳите медонад, ки дар иҳотаи он қарор дорад: “Агар одам аснои ба дунё омадан мафҳум ва падидаи биологӣ бошад, мартабаи «инсон», «шахс», «шахсият» қисмат ва маҳсули ҷомеаи инсониву муҳити иҷтимоӣ аст. Тибқи хулосаи олимони маъруф «…моҳияти инсон истилоҳи мавҳум, номуайян нест, ки ба як шахс мансуб бошад. Воқеан, одам маҷмуи кулли муносибатҳои ҷамъиятӣ аст». Ба ақидаи дигари муаллифи мақола метавон ҷонибдор буд, ки “муносибатҳои ҷамъиятӣ моҳият, мағз андар мағзи инсонро ташкил мекунанд” ва дурусту возеҳ аст, ки “…натиҷаи муносибати худи одамон дар асоси фаъолияти дастаҷамъӣ (ҳамкорӣ, муомила, муошират, табодули афкор, ҳамраъйӣ,) шакл мегирад. Маҳз дар аснои муносиботи ҷамъиятӣ ҷанбаҳои дарк (сарфаҳм рафтан, фаҳмидан)-и олами атроф (табиат, ҷамъият, давлат, тамаддун, фарҳанг, дин ва ғ.) ба вуҷуд меояд”. Дар адабиёти классикии Аврупову Шарқ ҶОМЕА мактаби такомули инсон дониста мешавад, яъне, ҷамъияти инсонӣ аз дигар мавҷудоти зинда тафовути бузургу қиёснашаванда дорад. Ҷамъияти инсонӣ бояд дар асоси тафаккур ва ақли солиму созанда ташаккул ёбад. Мафҳуми ҶАМЪИЯТ садҳо тавсифу шинохти мусбат дошта, меҳвари орзуву ормонҳои олии инсонӣ мебошад. Аммо ҷои таассуф аст, ки ҷамъияти инсонӣ дар ҳолатҳои алоҳида манфуртарин ҷамъият мегардад. Ин андешаро хеле ҳадафмандона профессор С. Ятимов барои худ ва хонанда чун саволи доманадошта пеш мегузорад: “Пас, ин терорристҳо, ифротгароён, худкушҳо — диишиҳо, ансоруллоҳиҳои наҳзатӣ, сала-фиҳо, таҳририҳо, унсурҳои зиддимиллӣ кай? Дар кадом ҳолат? Аз куҷо пайдо шуданд?”. Дар ҷои дигар муаллифи мақола сабаби баъзе ногувориҳоро хеле мушаххас ишора менамояд ва боз ҳам аз пешгирии хатарҳо ҳамагонро (оила, мактаб, таълим ва ғ.) огоҳ менамояд: “Надоштани дониши бунёдӣ, раҳгумиҳои зиддимиллӣ, фосилагирӣ аз ҷаҳонбинии маорифпарварона дар муҳити муайян – оила, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, алоқа бо шахсони ифротгаро сабаб шуд, ки садҳо ҷавон ба гурӯҳҳои террористии байналхалқӣ ҳамроҳ гашта, миллат ва давлати Тоҷикистонро дар арсаи олам бадном созанд. Ва ин ҷараён шиддат гирифта истодааст”.
Тарбияву таълим омили муҳимми бунёди ҷомеаи солим ва ҳамзамон, пойдор гардонидани давлати миллӣ ба шумор рафта, дар ин ҷода нақши қишри зиёӣ ҳамеша назаррас аст. Профессор С. Ятимов мунсифона, беғаразона ва дилсӯзонаву инсонгароёна аз хидмати фарзандони фарзонаи миллат дар давоми сад соли охир қатъи назар накардааст. Муаллиф ба чизе хатти бутлон намекашад ва нисбат ба олимону зиёиёни феълӣ низ назари мусбат зоҳир намуда, танҳо дар ин самт масъулиятшиносии ҷидди онҳоро таъкид намудааст. Садои даъвати муаллиф дар ин самт дар партави нангу номуси миллӣ сурати шакл пайдо менамояд: “Бошад имрӯз олиме, ки дар сатҳи китобҳои дарсии барои мактаби миёна навиштаи донишмандони маъруф – устод Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Сайид Ризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Ҳамид Бақозода, Ҳилол Каримов, Холиқ Мирзозода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Абдусалом Деҳотӣ, Воҳид Асрорӣ, Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев, Носирҷон Маъсумӣ, Юрий Бобоев ва бисёр дигарон аз нигоҳи назариявӣ, методологӣ, далелнокии таърихӣ, муносибати системавӣ, сохторӣ, функсионалӣ, муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, мантиқӣ, дар асоси ҷаҳонбинии пешқадам ва созанда асар офарида тавонад?”
Муҳтарам С. Ятимов дар масъалаи дину эътиқод чун таълимоти худи дини мусалмонон аз мавқеи гуманистӣ муносибат намуда, афкори худро дар партави ин мафҳум шакл бахшидааст. Дар ин самт афзалияти ҷаҳонбинии миллӣ ҷонибдорӣ гардида, фарҳанг як зинаи роҳ ёфтан ба тамаддуни миллӣ арзёбӣ мегардад. Мазмуни меҳварии ин масъала он аст, ки дину эътиқод бояд ҷанбаи фарҳангӣ дошта бошад. Яъне, муаллифи мақола дини фарҳангиро ҷонибдор аст, на дини сиёсиро, ки имрӯз чун як силоҳи ғаддор дар нобудкарданги халқу миллатҳо истифода мегардад. Афзалиятҳои алоҳидаи мақоми дину ойин дар ҷомеа ишора гардида, шароиту имконоти мавҷударо таъкид менамояд. Аз ин ҷиҳат хоҳони он аст, ки ходимони дин бояд бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ амал намоянд. Дар саргаҳи имондорӣ қарор додани ватандӯстӣ дар шароити феълӣ бидуни ҳама гуна баҳс ногузир аст: “Зарур аст, ки онҳо дар сафи пеши тарғибгарони манфиатҳои миллӣ – ҳамчун омили муҳимми шаклгирии ҷаҳонбинии миллӣ бошанд. Дар ин роҳ масъулияти бузурги ватандорӣ эҳсос намоянд. Хештаншиносӣ ва худшиносии миллиро дар саргаҳи имондорӣ гузоранд. Бо ягон баҳона, шиор, назария ва ҷаҳонбинӣ, зери шубҳа мондани манфиатҳои миллӣ — амнияти миллӣ ва рушди давлатдорӣ, аз ҷаҳолат беш нест”.
Ташхиси муаллиф дар мавриди динро ҳамчун ниқоб истифода кардани неруҳои таҳмилӣ махсус таъкид карда мешавад, ки барои ҷомеаҳои огоҳ ин ҷузъиёти маълуму ошкор аст. Бо назардошти воқеоти ҷаҳони муосир оқибатҳои ногувори он ҳамчун ҳушдор таъкид карда мешавад. Дуруст аст, ки дар сурати чунин ранг гирифтани ҳаводис аҳаммияту арзиши дину эътиқод низ ба таври ноаён аз байн меравад: “Ҳодисаҳои атроф — дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан, дар панҷ соли ахир, бори дигар ҳақиқатеро исбот кард: миллатҳои зирак динро пеш оварда, намояндагони миллатҳои хурду бузургро сарҷамъ ва дар якҷоягӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб мекунанд. Чун ба мақсад расиданд, дар тақсими ҳокимият на аз рӯйи мазҳаб, тариқату шариат, балки аз диди манфиатҳои этникӣ ва миллӣ амал мекунанд”.
Дар интиҳо бояд гуфт, ки мақолаи профессор С. Ятимов дар заминаи заҳмати хоса иншо гардидааст ва метавон гуфт, ки тамоми андешаҳои муаллиф бештар дар атрофи як масъалаи Паём — маориф сурат гирифтааст. Мақсади муҳимму ниҳоии ҳар як Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки бояд тамоми аҳли ҷомеа ҷиддияти иҷрои нақшаву ҳадафҳои ояндаро дар назди худ амиқ дарк намоянд. Дар ин самт мақолаи профессор С. Ятимов масъалаҳои муҳимми худшиносиву ватандӯстиро дар партави беҳбуд бахшидани таълиму тарбия хеле мушаххас ифода намудааст. Ростӣ, барои банда, ҳамчун як нафар муҳаққиқи публитсистика таҳлилу баррасии тамоми ҷузъиёти ин мақола дар чанд саҳифа аз имкон берун мебошад, зеро ҳар як тезиси он даҳҳо паҳлуро фаро гирифта, ҳар як масъалаи пешгузошташуда аз равзанаи чандин илми ҷомеашиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ба таври маҷмуъ зикри чанд нуктаро дар атрофи мақолаи мазкур муҳим медонем:
— Мақолаи профессор С.Ятимов дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифта, масъалаҳои таълиму маориф ва худшиносиву худогоҳиро амиқан пайгирӣ намудааст;
— Мақолаи С. Ятимов аз даъват ба дарки амиқ, ташхиси доманадор ва андешаҳои амиқи ислоҳотпарварона иборат гардида, ҳар як руҷуи он аз паҳлуҳои барои замони имрӯза муҳим иборат гардидааст;
— Таҳлилҳои муаллиф пешни-ҳоди содаи матлабу ҳадаф дар мавриди мушаххасу ҳал намудани вазифаҳои пешгузоштаи Паём мебошад, ки ба доираи васеи хонандагон нигаронида шудааст. Дар он муаллиф чун як сиёсатшинос, файласуф, публитсист, адабиётшинос ба хонанда муаррифӣ мегардад;
— Таҳлилҳои муаллиф дар атрофи масъалаи муайян аз баҳогузорӣ, натиҷагирӣ, хулоса ва пешниҳоди роҳи ҳал иборат гардидааст. Зарур ва ҳатмӣ мебошад, ки ҳар як донишҷӯ ва устоди фанҳои гуманитарӣ дар атрофи бандҳои он андеша намояд ва ақидаи худро бо назардошти манфиати иҷтимоӣ шакл бахшад;
-Мақолаи мазкур давом ва ҳошияи он гуфтаҳову дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бояд нисбат ба соҳаи маориф назару муносибати наву комил пайдо гардад;
— Таъкид ва гилаи муаллиф дар бобати таълифи китобҳои дарсӣ аз фанни забону адабиёт дар даврони истиқлол бо дарназардошти шароити феълии ҷаҳонишавӣ, ки дар он масъалаи худшиносӣ муқаддам дониста мешавад, бояд аз ҷониби доираи дахлдор (олимони соҳаи филологияву педагогика) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирад;
— Иншои чунин мақолаҳои тавзеҳӣ дар атрофи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби олимону муҳаққиқон бо чунин равзанаи нави таҳлил сазовори таҳсин мебошад. Ҳадаф дар ин ҷо ҳаҷми мақола нест, балки ҳар як руҷуи он як нишондод дар атрофи як масъалаи мушаххаси муҳим мебошад.

Бахтиёри Қутбиддин,
доктори илми филология,
декани факултети журналистикаи ДМТ