МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ФОНДИ ОҒОХОН

9 феврали соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори иҷроияи Фонди тоҷикистонии Оғохон Кишвар Абдулалишоев, директори барномаҳои Фонди тоҷикистонии Оғохон Ҷавлон Ҳамдамов, роҳбари бахши муносибатҳои шабакаи Оғохон оид ба рушд Латофат Зуҳурова ва роҳбари бахши маорифи фонди тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо Фонди тоҷикистонии Оғохон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои пайвастаи вазорат бо фонд ёдовар шуд. Мавсуф зикр намуд, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсиаи ҳамкориҳо миёни вазорат ва Фонди тоҷикистонии Оғохон боз ҳам саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ намояндагони Фонди тоҷикистонии Оғохон аз вохӯрӣ бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар оянда низ тавсиа хоҳанд ёфт.
Дар идома оид ба рушди ҳамкориҳои оянда табодули назар сурат гирифт.