ТАҚВИЯТ БА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Чандест, ки бо мақсади рушд бахшидан ба сифати таҳсилот дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд ва Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ як қатор тадбирҳои муфидро амалӣ мегардонад.
Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба натиҷагирӣ аз дастовардҳо ва мушкилоти раванди амалӣ шуданд Стратегияи миллии рушди маориф то давраи соли 2030 бо иштироки васеи кормандон ва коршиносони варзидаи соҳаи маориф баргузор гардид.
Чунонки муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дар ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, таҳияи стандарт, таҳияи дурусти барнома ва бознигарии китобҳои дарсии забони модарӣ ва математикаи синфҳои 5 – 9 дар заминаи таълими босалоҳият, ки тайи як сол анҷом дода шуд, барои таҳкими сифати таҳсилот мусоидат менамоянд. Муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода афзуд, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади рушд додани соҳа ва самти фаъолгардонии сифати таҳсилот ҳамкорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои хайрхоҳонаро бо шарикони Рушд дастгирӣ менамояд. Узви пайвас-таи АТТ Ирина Каримова оид ба компонентҳои лоиҳаи БИР (Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ) оид ба дастгирии дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии рушди маориф то давраи то соли 2030 изҳори назар намуда, фаъолияти густарда ва ҳадафмандонаи гурӯҳҳои кориро дар як силсила муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии мамлакат мусбат арзёбӣ кард.
Муҳаммад-довуд Саломиён, Президенти АТТ, оид ба фаъолияти гурӯҳи кории бознигарӣ ва таҳияи маводи таълимӣ барои фанҳои забон ва математика андешаронӣ кард. Мавсуф зикр кард, ки дар масъалаи бознигарӣ ва мураттаб намудани китобҳои дарсӣ саҳми АТТ низ калон аст. Вай афзуд, ки дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода гурӯҳҳои корӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои таҳияи китобҳои забон ва математика барои синфҳои 5 ва 9 роҳандозӣ гардиданд.
Доир ба фаъолияти гурӯҳи кории дастгирии дохилимактабии омӯзгор дар асоси методологияи рушди муттасили касбии омӯзгор, директори МҶТМ Раҳмоналӣ Мирзозода, дар бораи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши омехта, ректори ДҶТИБКСМ Ҷамшед Намоззода, оид ба платформаи «Омӯзгор – мобайл», директори маркази ҷумҳуриявии ТИК Абдураҳмон Гулзода иттилоъ доданд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»