МУТОБИҚСОЗӢ БА САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н.Мирзозода ҷаласаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати баррасии лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №306 оид ба Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Низомномаи Низоми кредитии таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қоидаҳои гузаронидани донишҷӯён аз гурӯҳҳои пулакӣ ба гурӯҳҳои ройгон ва аз гурӯҳҳои ройгон ба гурӯҳҳои пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок карданд.
Гурӯҳи корӣ ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ба роҳ мондани таҳсилоти дуалӣ дар ҷумҳурӣ ва мутобиқ намудани вазъи ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Раиси ҷаласа зикр намуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавриди коркард ва баррасӣ қароргирифта ба вазорату идораҳо барои баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод карда шаванд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм