СОЛИ БОБАРОРУ ХОТИРМОН

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода нишасти матуботӣ ҳамеша бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор мешавад ва дар нишасти матбуотии навбатӣ низ ҳамин ҳолат такрор ёфт. Ин, аз як ҷиҳат, ба фаъолияти бавусъати донишгоҳ вобаста бошад, аз ҷиҳати дигар, ҳамбаста аст ба таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи мо ба забонҳову забономӯзӣ. Муносибати самимию боэҳтиром роҳбари он ва кормандони ин боргоҳи маърифат ба рӯзноманигорон низ заминаи эътибори бештар додани аҳли қалам ба донишгоҳ гардидааст. Дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода чанд нуктаи муҳимро вобаста ба фаъолияти таълимгоҳ тавзеҳ дод. Бино ба таъкиди ректор, ҳаводиси зер аз ҷумлаи нақшгузортарину файзбортарини рухдодҳои соли сипаришуда буданд:
1.Иштирок ва суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави донишгоҳ, мулоқоти Сарвари кишвар бо аҳли таълимгоҳ ва намояндагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии пойтахт.
2. Мақоми байналмилалӣ дарёфтани таълимгоҳ ва аз донишкада ба донишгоҳ табдил ёфтани он.
3. Боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, тақвият ёфтани доираи фаъолияти донишҷӯён ва комёбиҳои тозаи устодон (аз ҷумла, афзудани сафи устодони соҳибунвон).
4. Бештар муҷаҳҳаз гардидани дарсгоҳу озмоишгоҳҳо ва дафтарҳои кории масъулини донишгоҳ бо таҷҳизоти техникии таълим (аз ҷумла, компютеру тахтаҳои электронӣ).
5. Таҳкими корҳо вобаста ба табъу нашри китобҳои илмию публитсистӣ, дарсию дастурӣ. Тарҷума ва чопи китоби «Забони миллат –ҳастии миллат» -и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо се забони хориҷӣ: русӣ, чинӣ ва англисӣ.
6.Тақвияти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ. Ба воситаи ин шуроҳо соли 2022 13 рисолаи илмӣ дифоъ карда шуд.
7.Баргузории ду озмуни муштараки донишгоҳ бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» (дар мавзуи «Пешвои миллат – ҳомӣ, арҷгузор ва тарғибгари забони тоҷикӣ») ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (дар мавзуи «Мирсаид Миршакар – тараннумгари сулҳу созандагӣ»), ки доираи васеи қаламкашонро ҷалб намуд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон нахуст аҳли таълимгоҳро бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ эълон шудани Донишкадаи давлатии забонҳо табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти ояндаи онҳо комёбиҳо таманно карданд ва ҳамчунин, ба ректори донишгоҳ ва масъулини дигар оид ба самтҳои гуногуни кори кормандону муҳассилини боргоҳи маърифат суолҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас дарёфтанд. Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ бо ҳидояти ректор рӯзноманигорон бо осорхонаи «Пешвои миллат» дар донишгоҳ шинос шуданд.

М.Абдурауф,
«Омӯзгор»