ШАРОИТИ ТАҲСИЛ БЕҲТАР МЕШАВАД

— Соли 2022 барои аҳли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат соли фаромӯшнашаванда гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ректори ин муассиса Ҳакимбек Абдуалимзода. – Хотирмонтарини он ба истифода додани бинои нави таълимии панҷошёна бо таҳхонааш бо тарҳи замонавӣ барои се ҳазор ҷойи нишаст дар як баст буд, ки 20 – уми декабри соли гузашта бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Бино ба иттилои ректор, донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми чорумро ишғол намуд. Шуруъ аз аввали соли гузашта дар назди донишгоҳ Шурои диссертатсионии 6D. КОА- 014 бо ҳуқуқи ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ дар се ихтисос ба фаъолият оғоз намуд. То имрӯз дар қатори муҳаққиқон аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чор нафар устоди донишгоҳ бомуваффақият рисолаҳои хешро ҳимоя намуданд. Ҳамчунин, бори аввал дар таърихи донишгоҳ, дар заминаи Шурои мазкур, бо мақсади баргузор намудани ҳимояи якдафъаи рисолаи докторӣ ду корманди донишгоҳ иҷозат гирифтанд.
Ректори донишгоҳ оид ба иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сухан гуфта, аз ҷумла, афзуд, ки донишҷӯён дар ҳамаи озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби дастовардҳои назаррас гардиданд. Масалан, дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» як нафар магистранти донишгоҳ сазовори ҷойи дуюм, диплом, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ гардид. Ҳамчунин, як нафар донишҷӯи дигар дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника», ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, соҳиби ҷойи дуюм ва диплом шуд.
Дар донишгоҳ ба масъалаи китобу китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хос дода мешавад. Дар соли гузашта аз ҳисоби фонди китобхонаи илмии донишгоҳ ба як қатор донишкадаҳо ва дигар муассисаю корхонаҳои ҷумҳурӣ дар асоси мактубҳои онҳо ва қарори Шурои олимони донишгоҳ зиёда аз 800 нусха китоби тахассусии таълимӣ ва бадеӣ ба таври ройгон тақдим карда шуд. Аз ҷумла, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 200 нусха китоби тахассусии таълимӣ ва бадеӣ ба таври ройгон фиристода шуд.
Дар иртибот ба саволҳои рӯзноманигорон роҳбари муассиса оид ба масъалаҳои навовариҳо дар самтҳои мухталифи донишгоҳ иттилои муфассал дод.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»