ПЕШРАВИҲО НАЗАРРАСАНД

Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Дилшод вобаста ба дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2022 мушаххасан зикр намуд, ки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ соли таҳсили 2021-2022-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Аз ҷумла, дараҷаи саводи донишҷӯён 62,2% баланд гардид, 1026 нафар донишҷӯ бо баҳои хубу аъло мехонад, ки ин 18,1%-и теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил мекунад.
Дар рейтинги байналмилалӣ, тибқи хулосаи ташкилоти байналмилалӣ Ranking BEB of Universities, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб миёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар ҷойи чорум қарор дорад. Аз рӯи рейтинги сифати таълиму тарбия дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар донишгоҳ дар ҷойи 12-ум ҷойгир аст.
Соли 2022 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо касби ду ҷойи 2-юм ва 2 нафар дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо сазовор шудани ду ҷойи 3-юм муаррифи донишгоҳ буданд. Ректори донишгоҳ ба саволҳои рӯзноманигорон ба паҳлуҳои сифати таҳсилот, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ, фароғати омӯзгорону донишҷӯён посухҳои мушаххас дод.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»