САНҶИШИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Дар нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки агентӣ низоми назорати давлатиро дар соҳаи маориф дар шакли иҷозатномадиҳӣ, баҳогузорӣ ба фаъолияти соҳа, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ ва назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм амалӣ менамояд. Аз ҷумла, дар соли 2022 ҷиҳати мустаҳкам намудани пояи ҳуқуқии агентӣ ва иҷрои талаботу меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва чанди дигар аз ҷониби агентӣ 5 санади зерқонунӣ – лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 «Оид ба тасдиқи низомнома дар бораи хусусияти иҷозатномадиҳӣ дар баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)», «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълим ва илм» ва ғайра таҳия гардид, ки барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешаванд.
Инчунин, ба 25 санади меъёри соҳавӣ тағйирот ворид карда шуда, бо қарори агентӣ тасдиқ гардид. Агентӣ ва воҳидҳои сохтории минтақавии он тибқи нақшаи корӣ дар соли 2022 дар маҷмуъ, 1880 масъала, аз ҷумла, 943 аттестатсияи давлатӣ, 571 аккредитатсияи давлатӣ, 20 аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома ва шаҳодатнома, 15 қатъ ва бозхонди иҷозатнома, 331 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ ва дигар шакли санҷишҳоро ба анҷом расонида, барои баррасӣ ва ҷаласаи ҳайати мушовараи агентӣ пешниҳод намуданд. Дар давоми соли гузашта фаъолияти 15 муассисаи таълимӣ, ки ба талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мувофиқат намекарданд, тибқи дархости муассисон дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи агентӣ бозхонд ва қатъ карда шуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки соли сипаригардида аз ҷониби агентӣ ҷиҳати муайян намудани сифати дониш ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён 900 муассисаи таълимӣ аз санҷиши сатҳи сифати таҳсилот омода шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо маълум гардид, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ дар самти асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ, ки омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот маҳсуб мешаванд, тағйироти мусбат ба мушоҳида мерасад.
Робитаҳои байналмилалии агентӣ низ бо ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ тақвияту густариш меёбад.

Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»