МАНБАИ КАДРҲОИ ГУНОГУНСОҲА

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сессияи санҷишу имтиҳонии соли хониши 2021-2022 мувофиқи талаботи меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва баргузор шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки фоизи аз худ кардани фанҳои таълимӣ 92,5% ва сифати таълим 30,4% -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи сессияи санҷишу имтиҳонии соли 2021 азхудкунӣ 1,0% ва сифати таълим 10,7% зиёд мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада, профессор Муҳриддин Низомӣ. Дар соли 2022 шуъбаи рӯзонаи донишкадаро 440 нафар ва шуъбаи фосилавиро 182 нафар хатм намуд.
-Яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти донишкадаро татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ташкил менамояд. Айни замон дар донишкада 3 лоиҳаи илмӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, афзуд М. Низомӣ. — Аз ҷониби раёсати донишкада дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” лоиҳаи “Асбобҳои мусиқии акустикӣ ва рақамӣ” ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, дастгирӣ ёфт, ки дар доираи он ба донишкада 5 адад фортепиано, 2 тахтаи электронии интерактивӣ ва дигар таҷҳизоти муосири барои раванди таълим зарурӣ, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунанд, бо арзиши бештар аз 500 ҳазор сомонӣ ба донишкада интиқол дода шуд.
Дар давоми соли гузашта 72 нафар омӯзгору донишҷӯи донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар соли сипаришуда як қатор дарсҳои “Устод ва шогирд” бо иштироки олимону ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Беларус баргузор гардида, инчунин, 4 нафар омӯзгори донишкада аз курси такмили ихтисоси хориҷӣ гузаштанд.
Ҳадафи асосии қисми тарбия ва иҷтимоии донишкада дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони баландихтисос, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, инчунин, дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи анъана ва расму оинҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар соли ҷорӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шуданд.