МАКТАБИ СЕОШЁНА ДАР МАСТЧОҲ

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни нишасти матбуотӣ доир ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар соли 2022 маълумот дода, зикр кард, ки дар ин давра сокинони шарафманди ноҳия ба дастовардҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардиданд.
Нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назаррас мебошанд.
Мавсуф оид ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2023 бунёди ду иншооти муҳим дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, аз ҷумла, як беморхонаи марказӣ ва як муассисаи таълимии сеошёна барои беш аз ҳазор хонанда ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони онҳо тибқи нақша дар семоҳаи аввали соли равон оғоз мегардад.

Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»