НОРАК: 20 КОРХОНАИ САНОАТИЮ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Вобаста ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ҷиҳати саноатӣ кардани шаҳри Норак соли 2022 аз тарафи соҳибкорони шаҳр корхонаи истеҳсоли “Микросемент”, корхонаи истеҳсоли коркарди сангҳои ороишӣ, коргоҳи маҳсулоти маводи сохтмонӣ, коргоҳи истеҳсоли гаҷи картон ва коргоҳи истеҳсоли қуму шағал бо таъсиси 142 ҷойи кори доимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Соли 2022 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2021 101,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ дода шуд ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.
Ҳамзамон, зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар шаҳри Норак ба ифтихори ҷашни   35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 180 иншоот, аз қабили 8 адад бинои маъмурӣ, 8 адад муассисаи таълимӣ, 6 адад муассисаи табобатӣ, 5 адад майдончаи варзиш, 20 адад корхонаи коргоҳи саноатӣ ва 131 адад иншооти хидматрасонию сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.