ҶАЛАСАИ АЪЗОИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИ ГЛОБАЛӢ

31-уми январи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон Раҳим  Саидзода  дар  ҷаласаи  аъзои Шурои  директорони  Шарики  глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), ки ба тариқи ҳузурӣ  дар  шаҳри Парижи Фаронса, ҳамчунин,  ба  тариқи  маҷозӣ  баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҷудо шудани  ташкилоти  Шарики  глобалӣ  дар соҳаи маориф (GPE) аз Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ бо дарназардошти  ҳифз  намудани  хизматрасониҳои Бонки  ҷаҳонӣ  ва  оқибатҳои  мусбат ва манфии он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем,  ки  вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2022 ба ҳайси узви алтернативии Шурои  директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои  Шарқӣ,  Шарқи  Наздик ва Осиёи Марказӣ интихоб гардидааст.