КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМИИ ДДХ ҶАРАЁН ДОРАД

Вазири  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои сохтмонии  бинои  нави  таълимии  Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд  ба  номи  академик  Бобоҷон Ғафуров шинос гардид.
Ба  вазири  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ  дода  шуд,  ки  феълан корҳои  сохтмонии  бино  вусъат  пайдо  намуда, дар самти таъмини сифати баланди иҷрои нақша  тадбирҳои  зарурӣ  ба  роҳ  монда  шудааст.
Хотиррасон  менамоем,  ки  сохтмони  бино дар  9  ошёна  ва  барои  4000  нафар  донишҷӯ муқаррар гардидааст. Дар  бинои  мазкур  140  синфхона  бо таҷҳизоти  муосири  таълим  муҷаҳҳаз  ва  9  факултет  ҷой  хоҳад  гирифт.  Мувофиқи  лоиҳаи бино 7 толори лексионӣ, 2 маҷлисгоҳи хурд ва 18  озмоишгоҳ  мавриди  истифода  қарор  дода шуда,  барои  пайвастан  ба  табақаҳои  болоии бинои  таълимӣ  бунёди  4  лифт  ва  5  зинапояи алоҳида ба нақша гирифта шудааст.
Ректори  Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд  ба номи  академик  Бобоҷон  Ғафуров,  профессор Усмонзода  Аюб  Ислом  ба  вазири  маориф  ва илм  маълумот  дод,  ки  донишгоҳ  ҷиҳати  дар канори бинои таълимӣ ба роҳ мондани корҳои сохмонии маҷлисгоҳ, бинои истиқоматӣ барои устодону  кормандони  донишгоҳ,  кӯдакистон ва  майдончаи  варзишӣ  аз  тамоми  имконият истифода бурда, дар ин самт чораҳои заруриро андешида истодааст.
Гуфта шуд, ки бунёди бинои нави таълимӣ бо  мақсади  муттаҳид  намудани  тамоми воҳидҳои  сохтории  Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд  ба  номи  академик  Бобоҷон  Ғафуров ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву  варзишии  донишгоҳ  сурат  мегирад.