ДАСТОВАРД ВА КОМЁБИҲОИ ВАЗОРАТ

2-юми феврали соли ҷорӣ дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва  намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз вазири маорифи ва илм Р. Саидзода зикр намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.  Пешвои миллат бори дигар маорифро сарчашмаи бунёди миллати мутамаддин унвон намуда, зарурат ва аҳамияти рушди ин соҳаи калидии давлатро таъкид доштанд. Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, барои рушди ин соҳа ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Боиси сарфарозист, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм ва идрорпулиҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.  Хурсандиовар аст, ки бори аввал ду сол пайи ҳам музди меҳнат ба андозаи 20 фоиз зиёд шуда истодааст ва ин бори дигар аз таваҷҷуҳу ғамхории Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Дарвоқеъ, дастовардҳои  соҳаҳои маориф ва илми мамлакат дар соли 2022 назаррас мебошад ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим  корҳои шоиста анҷом дода шуд.

Таъкид гардид, ки соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 199 бинои муаcсисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 44 ҳазору 910 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Аз ин шумора 62 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 14 ҳазору 561 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва 66 бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 6543 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар сохта, ба истифода дода шуд.

Инчунин, зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба сохтмону навсозии иншооти соҳаи маориф ва норасоии ҷойи нишаст дар вилояти Хатлон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» қабул гардид.

–         Тибқи Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум – солҳои 2022-2024 сохтмон ва таъмиру навсозии 173 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст, — гуфт вазири маориф ва илм.

Муассисаҳои мазкур барои 52 ҳазору 850 ҷойи нишаст дар назар дошта шуда, маблағи умумии онҳо 693 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Соли 2022 иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 50 фоиз зиёд гардид. Аз ҷумла, дар ин давра,  дар маҷмуъ, 6747 нафар хонандаи синфҳои аз 3 то 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имконияти дар 37 олимпиадаи умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ба таври мустақим ва фосилавӣ иштирок намуданро пайдо карданд, ки нисбат ба соли 2021 5693 (84,4%) нафар зиёд мебошад.

Ба таъкиди Сарвари давлат, мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Ҳамин аст, ки сол аз сол иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёд мегардад.

Натиҷаи иштирок ва дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои фаннии умумиҷаҳонӣ, байналмилалӣ ва фосилавӣ 1805 ҷойи ифтихорӣ (296 медали тилло, 662 медали нуқра ва 847 медали биринҷӣ)-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2021 1158 ҷойи ифтихорӣ (217 медали тилло, 472 медали нуқра ва 473 медали биринҷӣ) зиёд аст.   Зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда шуд, ки дар ин дастовардҳои назаррас саҳми хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд бо дарёфти 1007 ҷойи ифтихорӣ – 211 медали тилло, 411 медали нуқра ва 385 медали биринҷӣ ва шаҳри Душанбе бо дарёфти 620 ҷойи ифтихорӣ (77 медали тилло, 201 медали нуқра ва 342 медали биринҷӣ) нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ назаррас мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар 5 соли охир зиёд гардида, нисбат ба солҳои пешин боло рафтааст. Агар дастовардҳои хонандагони мамлакат дар олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ соли 2018 179 ҷойро ташкил медод, пас ин шумора дар соли 2022 ба 1805 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 319 ҷойи ифтихории ҳузурӣ ва 1486 ҷойи ифтихории фосилавӣ баробар шуд, ки 1626 ҷой зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ соли сипаригардида ба музди меҳнати 10 ҳазору 256 нафар омӯзгори ҷавон 10 фоиз маблағ илова карда шуд. Омӯзгорони мамлакат тибқи моддаи 353 – и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замини наздиҳавлигӣ озод мебошанд. Ҳамчунин, соли 2022 318 нафар омӯзгори мамлакат аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ истифода намуданд. Бояд қайд кард, ки моҳи майи соли 2006 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» қабул карда шуд. Тибқи ин қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

– бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;

– ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;

– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.

Дар Тоҷикистон 126 ҳазору 354 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки аз ин 81 ҳазору 822 нафарашро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми мамлакат иброз дошт, соатҳои дарсие, ки давоми 10 рӯзи иловагии истироҳатӣ дар моҳи январ (аз 10 то 20 январ) гузаронида нашуданд, дар панҷ рӯзи таътили моҳи март ва се рӯзи чоряки чорум ҷуброн карда мешаванд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан тавассути саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Рӯзноманигорон ба масъалаҳои тамдиди таътили зимистона, ҷуброн намудани он аз ҳисоби таътилҳои баҳорию тобистона,  сафарҳои бе огоҳии вазир ба минтақаҳо, корҳои анҷомдодаи вазорат, таҳсили донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ қарордошта, қонуни хизмати ҳарбӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавон ва магистрантону докторантон ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағ дар мактабҳо, дастгири омӯзгорони ҷавон ва эҳтиёҷот соҳаи педагогӣ, фаъолияти 5 мактаби Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вобаста ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, сохтмони мактабҳои нав дар ҷумҳурӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Дар маҷмуъ, рӯзноманигорон 26 савол пешниҳод карданд, ки ба онҳо вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас доданд.

Д. Қурбонзода,

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»