ТАШХИСИ 135 ЛОИҲАИ АСНОДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

Зимни нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори он Иззатулло Саидзода зикр намуд, ки дар соли 2022 аз ҷониби кормандони марказ як қатор корҳо анҷом дода шуд. Чунончи, консепсияи такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи лоиҳаи Кодекси бонкии ҷумҳурӣ, инчунин, ба мақсади дар амал татбиқ намудани консепсияи стратегия ва барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ 7 адад нақша-чорабинии дохилиидоравӣ таҳия, тасдиқ ва ба иҷро расонида шуд. Бо ташаббуси марказ 16 адад лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мавриди таҳия қарор гирифта, ҷиҳати такмили 12 адад санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ 144 таклиф пешниҳод гардид. Дар соли сипаришуда 135 адад лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва лоиҳаи қонунҳои намунавӣ аз ташхиси ҳуқуқӣ гузаронида шуданд. Доир ба таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ аз ҷониби шуъбаву бахшҳои марказ 260 мавзуъ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардида, дар сомонаи марказ ҷойгир карда шуд. Ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои марказ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, 130 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва оммавӣ аз ҷониби кормандони марказ таълиф ва нашр гардиданд. Ҳамзамон, 67 адад тағйиру иловаи дахлдор ба Махзани қонунгузории сомонаи марказ ворид ва дар бахши иттилоотии маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ» ба табъ расиданд.

Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»