261 НАФАР ДИПЛОМИ «АЪЛО» ГИРИФТ

— Дар соли таҳсили 2022  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон   ба комёбиҳои зиёде  ноил гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони  ватаниву хориҷӣ ректори ин муассиса, профессор Қобилҷон Хушвақтзода. — Аз ҷумла, бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат, бо дастгирии Ҳукумати  Тоҷикистон  ва ДИПТ ва ташаббуси роҳбарияти ДМТ дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ – таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин марказ асарҳои Роҳбари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои эшонро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ гардидааст. Дар баробари ин,  бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва сафири фавқулода ва мухтори ҶХХ ва намояндагони як қатор сохторҳои давлатӣ бинои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, бинои   хобгоҳи донишҷӯён  пас аз таъмири пурраи капиталӣ   ба хонаҳои  истиқоматӣ табдил дода шуда, 39 нафар омӯзгор ва кормандони ҷавони  ба манзили  истиқоматӣ ниёзманд тақсим карда шуд.
Бино ба иттилои ректор, ДМТ тибқи гузаронидани рейтинги  муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар  аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ   дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо гирифтани 236 хол сазовори ҷойи якум гардид.
Қобилҷон Хушвақтзода доир ба ҷараёни омӯзиши фанҳо дар донишгоҳ иттилоъ дода, афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ дар донишгоҳ ихтисосҳои бехатарии иқтисодӣ, иқтисодиёти минтақа ва рушди маҳал дар факултети иқтисод ва идора, технологияи саноати дору дар факултети фарматсевтӣ ва ихтисоси диншиносӣ дар факултети фалсафа ва кафедраҳои тибби оилавӣ, ҷарроҳии дуюм дар факултети тиббӣ ва биотехнология дар факултети биология таъсис дода шуд. Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона чун анъана аз рӯи се зинаи таҳсилот — бакалавр, мутахассис ва магистратура аз рӯйи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тибқи нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд.
Дар нишаст рӯзноманигорон ба масъалаҳои  иштироки донишҷӯён дар озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию хориҷӣ, муҷаҳҳазгардонии аудиторияву кабинетҳои  фаннӣ бо техника ва технологияи навин, корҳои ихтироъкориву навоварӣ,  фаъолияти литсейи донишгоҳ, фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, дастгирии қишри ниёзманд, самти тарбияи донишгоҳ, оид ба бахши молиявӣ ва монанди ин таваҷҷуҳ намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

         

 Ҳотами  ҲОМИД,
 «Омӯзгор»