КОРГОҲИ ЛУБАН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ин дафъа нишасти матбуотӣ дар Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин-коргоҳи Лубан (воқеъ дар ҳудуди бинои факултаи сохтмон ва меъморӣ)-и донишгоҳ баргузор гашт ва нахуст рӯзноманигорон бо таҷҳизот, сохтор ва имконоту шароити омӯзиши маркази мазкур шиносоӣ пайдо карда, таассуроти нек бардоштанд.
Бунёди Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин-коргоҳи Лубан яке аз рухдодҳои муҳиму муфид дар донишгоҳ дар соли 2022 мебошад.
Коргоҳи Лубан дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи барномаи татбиқи аҳдофи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи Донишгоҳи техникӣ бунёд гардид. 29 ноябри соли 2022 маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии он бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин ва дигар намояндагони ҳар ду ҷониб ба вуқуъ пайваст.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар масоҳати 1138 м2 (бинои марказӣ) корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои стандартӣ дар 87 рӯз ба анҷом расонида шуд, дар умум 377 адад таҷҳизоти таълимӣ, 84 адад ашёи таълимӣ, 217 адад ҷузъҳои ороишӣ дастрас ва насб карда, беш аз 20 нафар омӯзгор ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Инчунин, соли ҷорӣ донишгоҳ дар доираи маблағузории Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи «Аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии кадрҳои муҳандисӣ дар бозори меҳнат»-ро амалӣ намуд, ки дар доираи он барномаи таълимии ихтисоси “Неругоҳҳои барқӣ” аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, соҳиби нишони Аврупоии сифати таҳсилоти муҳандисӣ (EUR-ACE®) гардид.
Ҳамзамон, бояд зикр намуд, соли 2022 фаъолияти хуби донишгоҳро дар самти амалисозии “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ” ба инобат гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили системаи таҳсилоти фосилавӣ ДТТ ба номи академик М.С.Осимиро ҳамчун муассисаи озмоишӣ (пилотӣ) муайян намуд. Моҳи октябри соли ҷорӣ 2 синфхонаи таҳсилоти фосилавӣ (бо 30 компютерӣ замонавӣ) ва 1 видеостудия муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ба суолҳои сершумори худ вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ, муовинони ӯ ва деканҳои факултаҳо посухҳои асосманду пурдалел дарёфтанд. Ректори донишгоҳ қудрат Давлатзода дар иртибот ба суолҳои рӯзноманигорон, аз ҷумла, иброз дошт, ки соли 2022 дар донишгоҳ панҷ Шурои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои зарурӣ ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ намуд, ки фарогири 13 ихтисоси PhD ва 13 ихтисоси илмии анъанавӣ мебошад. Дар маҷмуъ дар соли ҷорӣ (бинобар танаффуси фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ) 12 нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд (рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ). Айни замон донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.
Сарвари таълимгоҳ, ҳамчунин вобаста ба масоили сатҳу сифати таҳсилот, давомоти донишҷӯён, робитаҳои байналмилалӣ, таъминот бо воситаҳои техникии таълим, табъу нашр, тадбирҳои илмию фарҳангӣ, баргузории озмунҳо, таълимоти иҷтимоии устодон… андешаронӣ кард.

М.Абдурауф,
“Омӯзгор”