КУМАК БА 62 ОМӮЗГОРУ ДОНИШҶӮ

Дар коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз нишасти матбуотӣ доир гардид. Нишасти матбуотиро директори коллеҷ Зубайдулло Азиззода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар шаш моҳи авали соли 2022 сифати таҳсилот дар коллеҷ беҳтар гардида аз 2,3% ба 3,7% боло рафт. Айни ҳол раванди таълиму тарбия дар 17 кафедра аз рӯи 7 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Дар коллеҷ корҳои таъмиру тармимӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дошта 50%-и корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Аз маблағи 33 миллиону 595 ҳазор сомонӣ то имрӯз зиёда аз 16 миллиону 50 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Сатҳу сифати дониши донишҷӯён сол то сол боло рафта, дар соли таҳсили 2021-2022 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 5 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар коллеҷ 5 нафар донишҷӯи аълохон гирандагони стипендияи номӣ мебошанд. Соли ҷорӣ коллеҷро 1016 нафар донишҷӯ хатм намуданд, ки 41 нафарашон дипломи аъло гирифтанд. Маъмурияти коллеҷ ҳамкориро бо 32 муассисаи тиббию табобатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тақвият бахшидааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»