ДАР ДОНИШГОҲ ИХТИСОСҲОИ НАВ ИФТИТОҲ ЁФТ

Дар нишасти матбуотии  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ректори ин муассиса Амонзода Илҳом Темур дар бораи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 ва нақшаҳои нав барои нимаи соли   таҳсили 2023 ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иттилоъ дод. Мавсуф қайд кард, ки ба донишгоҳ дар соли сипаришуда, дар умум, 974 нафар қабул гардид  ва  нақшаи қабул 60 фоизро ташкил дод.
Ректор иттилоъ дод, ки аз оғози соли таҳсили 2022 — 2023 дар сохтори донишгоҳ ҳашт факултет, бист кафедра, ду марказ, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд. Дар донишгоҳ дар 255 гурӯҳи академӣ, ки аз ин 172 гурӯҳи таълимашон ба забони тоҷикӣ, 79 гурӯҳи таълим  ба забони русӣ ва чор гурӯҳи таълим ба забони англисиро ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, 3903 нафар донишҷӯ тибқи низоми  кредитии таҳсилот ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли таҳсили равон тадриси  400 фанни таълимӣ ва дар нимсолаи дуюм 336 фанни таълимӣ пешбинӣ гардидааст.
Бино ба таъкиди Илҳом  Амонзода, моҳи сентябри соли 2022 дар раванди амалишавии Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар заминаи собиқ кафедраи физика,   кафедраи энергетика ва шабакаҳои телекоммуникатсия  таъсис дода шуд. Айни замон дар зинаи бакалаври донишгоҳ дар курси якум аз рӯйи 32 ихтисос, дар курси дуюм 38, дар курси сеюм 37 ва дар курси чорум аз рӯи 40 ихтисос, дар зинаи магистратура  ва рӯйи 9 ихтисос ва 8 самти илмӣ докторантура  аз рӯйи ихтисос PhD мутахассис тайёр мекунад.
Дар айни замон се барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошад. Бо назардошти раванди рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат, талаботи муосири бозори меҳнат ва таклифу пешниҳоди кордиҳандагон донишгоҳ барои ду ихтисоси нав – «Зеҳни сунъӣ», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» соҳиби иҷозатнома гардида, аз октябри соли 2022 ба курси аввали ихтисосҳои мазкур донишҷӯ қабул намуд. Рӯзноманигорон, ҳамчунин, ба  паҳлуҳои дигари фаъолияти донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷавобҳои муфассал гирифтанд.    

Ҳотами  ҲОМИД,
«Омӯзгор»