Фонди китобхонаи донишгоҳ меафзояд

Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли гузашта ва нақшаҳои минбаъда барои соли 2023 маълумот дод. Бино ба иттилои ӯ, донишгоҳ аз рӯйи 36 ихтисоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура , 14 ихтисоси барномаи   доктор PhD  ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти  дуюми олии  касбӣ мутахассис тайёр мекунад.
— Донишгоҳ  ҷиҳати  иҷрои  босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддию техникӣ, озмоишгоҳӣ ва илмию таҳқиқотии замонавӣ бунёд намуда, дорои ҳафт бинои таълимӣ, 142 синфхона, дувоздаҳ синфхонаи компютерӣ, се озмоишгоҳи таълимӣ, се синфхонаи лингофонӣ, 840 компютер ва ғайра мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода мешаванд, — афзуд Х. Назарзода.
  Маълум, ки яке аз самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот муҳайё  намудани  ашёи таълимист. Ба иттилои ректор, имрӯз муассиса дорои китобхонаи замонавӣ буда, он аз ду толори хониши китобҳои муқаррарӣ бо 115 ҷойи нишаст  ва ду  толори  хониши китобҳои  электронӣ бо 90  ҷойи нишаст  мебошад. Фонди умумии китобхона бошад, 293 ҳазор нусхаро дар бар гирифтааст, ки аз китобҳои дарсӣ, илмӣ, бадеӣ, инчунин, рисолаҳои илмӣ ва авторефератҳо иборат мебошад.
Ректор оид ба натиҷаҳои сессияи имтиҳонӣ дар донишгоҳ сухан ронда, гуфт, ки дар асоси мактуби дастурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  имтиҳонҳои  ҷамъбастии сессияи тобистона тибқи талаботи нав шаст фоизи фанҳо шифоҳӣ ва чил фоизи дигар тариқи тестӣ  ба роҳ монда шуд. Ҳамин тавр, дараҷаи азхудкунии сессияи тобистона 78,3 ва сессияи зимистона бошад, 85,8 фоизро ташкил дод. Соли  гузашта донишгоҳро 1087 нафар донишҷӯ хатм намуд.
— Донишҷӯёну устодони донишгоҳи мо дар масъалаи иштирок дар озмунҳову  самти  ихтироъкорӣ низ пешсафанд, — афзуд ректор.  — Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» се донишҷӯ  ҷойҳои ифтихориро  соҳиб гардида, дар даври шаҳрии озмун  ширкат варзиданд. Ҳамчунин, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ, номзади илмҳои техникӣ Соҳибназар Идиев аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи дуюм гардид. Донишҷӯи курси сеюми донишгоҳ Нуралии Эмомалӣ аз намуди  гӯштини дзю – до соҳиби медали тилло ва чемпиони ҷаҳон гардид.
Ректор, ҳамчунин, вобаста ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба фаъолияти  илмӣ ва  робитаҳои байналмилалӣ, тарбиявӣ, хоҷагидорӣ ва ободонию хуррамгардонии атрофи донишгоҳ, эҳсонкорӣ ва ҳавасмандгардонӣ   иттилоъ дод.

Ҳотами  ҲОМИД,
«Омӯзгор»