ДИҚҚАТ, ОЗМУН: ДАРСИ МУОСИР: МАҲОРАТ, МАЛАКА ВА ТАҶРИБА

Ба  ҳамагон  маълум  аст,  ки воситаҳои   таълиму  тарбия гуногунанд,  вале  бо  ин  ҳама,  дарс ҳамчун  муҳимтарин  воситаи  таълиму  тарбия  мавқеи   ҳамешагӣ, меҳварӣ  ва  устувор  дорад.  Фаъолияти   омӯзгор,  самараи  ҷидду ҷаҳдаш ва тозакориву навоварияш, пеш  аз  ҳама,  ба  дарси   ӯ  иртиботманд  аст.  Ҳар  қадар  дарс  рангину ҷолибу  муассир  ва  бо  истифода  аз усулҳои   навину  фаъоли  таълиму тарбия  ҷараён  ёбад,  ҳамон  қадар омӯзгор  комёбу  шарафманд  хоҳад буд.
Дар  иртибот  ба  ин  нуктаҳо, Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон  ба  номи   С.Айнӣ дар  ҳамкорӣ  бо  ҳафтаномаи «Омӯзгор»  барои  беҳтарин мақолаҳои   методӣ,  илмӣ  ва дастурӣ   таҳти  унвони  умумии «Дарси  муосир:  маҳорат,  малака ва таҷриба» озмун эълон мекунад. Мақолаҳо бояд ҷанбаи таҳлиливу тавсиявӣ дошта бошанд, пайвандгари илму амал бошанд, маҳорату малакаи   омӯзгорро  дар  татбиқи усулҳои   нави   таълим  бозгӯӣ бикунанд,  моҳияту  бартарияти методҳои навинро тавсиф бахшанд ва таҷрибаи судманди аҳли таълиму тарбияро инъикос намоянд.
Ба  мақолаҳое,  ки   навоваронаю муъҷазанд ва забони шевою ҷозиб доранд, афзалият дода мешавад.
Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то охири моҳи август идома меёбад ва дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  (9  сентябр) ҷамъбаст мегардад.

МУКОФОТҲО БАРОИ ҒОЛИБОН:
Ҷои 1 – 2500 сомонӣ
Ҷои 2 – 1500 сомонӣ
Ҷои 3 – 1000 сомонӣ

Ба ғолибон, ҳамчунин, ифтихорнома  ва  бастаи  китобҳо  супорида мешавад.
Таъкид:
Ҳаҷми  мақолаҳо  на  бояд  аз  3-4 саҳифаи  чопи  компютерӣ  (ҳарфи Times  New  Roman  Tj.  14  –  1,5 интервалӣ)  зиёд  бошад,  дар  акси ҳол, ба озмун роҳ намеёбанд.
Пас аз ҷамъбасти озмун мақолаҳо дар  шакли  китоби  алоҳида  интишор хоҳанд шуд.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи С.Айнӣ
Ҳафтаномаи «Омӯзгор»