ДАР ТОҶИКИСТОН СОЛИ 2022 БА МУЗДИ МЕҲНАТИ БЕШ АЗ 10 ҲАЗОР НАФАР ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН 10 ФОИЗ МАБЛАҒ ИЛОВА ГАРДИД ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.

 Дар Тоҷикистон соли сипаригардида ба музди меҳнати 10 ҳазору 256 нафар омӯзгорони ҷавон 10 фоиз маблағ илова карда шуд. Ин матлабро имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Ба гуфти мавсуф, омӯзгорони мамлакат тибқи моддаи 353 — и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замини наздиҳавлигӣ озод мебошанд. Ҳамчунин соли 2022 318 нафар омӯзгорони мамлакат аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ истифода намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи майи соли 2006 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» қабул карда шуд. Тибқи ин қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;

— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;

– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки аз ин 81 ҳазору 822 нафарашро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми мамлакат иброз дошт, ки соатҳои дарсие, ки давоми 10 рӯзи иловагии истироҳатӣ дар моҳи январ (аз 10 то 20 январ) гузаронида нашуданд, дар панҷ рӯзи таътили моҳи март ва се рӯзи чоряки чорум ҷуброн карда мешаванд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»