ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО

31-уми  январи  соли  равон вохӯрии  вазири  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Раҳим Саидзода  бо  сафири  навтаъйини Иттиҳоди  Аврупо  ҷаноби  Раймундас  Кароблис  баргузор  гардид, ки дар он ҳамкориҳои Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  Иттиҳоди  Аврупо  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифт.

Зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои пайвастаи вазорат  бо  Иттиҳоди  Аврупо ёдовар  шуда,  қайд  намуд,  ки вохӯрии  имрӯза  ба  рушду  тавсеаи  робитаҳо  нақши  арзанда хоҳад гузошт.

Раҳим Саидзода иброз  дошт, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони асосии Вазорати маориф ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон буда,  саҳми  он  дар  самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ назаррас аст.

Ҷаноби  Раймундас  Кароблис аз  вохӯрӣ  бо  вазири  маориф  ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон изҳори  хушнудӣ  намуда,  иброз дошт,  ки  ҳамкориҳои  Намояндагии  Иттиҳоди  Аврупо  бо  Вазорати маориф ва илм дар сатҳи зарурӣ  ба  роҳ  монда  шуда,  дар оянда низ вусъат хоҳад ёфт.

Дар  идома  оид  ба  рушди ҳамкориҳои  минбаъда  табодули назар  сурат  гирифта,  ҷонибҳо омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои созанда баён карданд.